Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Sputnik

Ин тамрин дар доираи размоиши густурдаи “Марказ – 2019” гузаронда шуда, низомиёни ду кишвар гуруҳҳои ҷангии ғайриқонуниро безарар гардонданд.

Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

Бар асоси барномаи размоиш, гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳи иборат аз ҳудуди 100 нафар ба қисми марзбонии Тоҷикистон ҳамла кардаанд. Дар доираи тамринот, ҳавопаймоҳои Л-39 ва чархболҳои ҷангии Ми-24 ба ҳамлагарон зарба мезананд. Ҳамлагарон аз замин низ мавриди тирборон аз миномётҳо ва дигар воситаю техникаҳо қарор мегиранд.

Дар идома ҳамлагарон ақибнишинӣ мекунанду дар маҳалли истиқоматӣ сокинони мулкиро гаравгон мегиранд. Низомиёни Тоҷикистону Русия зимни як амалиёти махсус гаравгонҳоро халос карда, ҳамлагарони шартиро безарар мегардонанд.

Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ба амалиёти муштараки низомиён баҳои баланд дода, таъкид кардаанд, ки якҷоя қодиранд марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳифз кунанд.

Қаблан Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонда буд.

Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд

Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии мамнуъ, "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".

"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.

Иштироки Тоҷикистон дар размоиши бузурги низомӣ дар Русия

Размоиши стратегии “Марказ – 2019” ҳамчунин дар вилояти Оренбург аз 16 то 21-уми сентябр гузаронда мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок доранд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.

1 / 11
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
2 / 11
Чархболи ҷангии Ми-24 дар доираи размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ҳадафи тирборон қарор додааст
3 / 11
Чархболҳои Ми-24 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур дар Тоҷикистон
4 / 11
Яке аз низомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур
5 / 11
Низомӣ бо снайпери Драгунов ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
6 / 11
Дастгоҳи худгарди артиллерии Гвоздика 2С1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
7 / 11
Низомиён даро назди зиреҳпӯши БТР-82А ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
8 / 11
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
9 / 11
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
10 / 11
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
11 / 11
Низомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур