Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ кумак мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сари тақвият додани ҳамкориҳои муштарак дар самти бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табии дар ҷумҳурӣ ба мувофиқа расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, имрӯз мулоқоти роҳбари кумитаи мазкур генерал-лейтинант Рустам Назаров ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Путер Буриан баргузор гардид.

Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 70 ҳазор евро ҷудо намудаст

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз тағйирёбии иқлими сайёра ва ҳамчунин афзоиш ёфтани ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон  изҳори нигаронӣ намуданд.

Роҳҳову заминҳо хароб шуданд: КҲФ сели рӯзи таҷлили Иди Фитр дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод

Дар бастагӣ ба зиёд рух додани офатҳои табиӣ дар кишвар, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтаст, ки ироаи кумакҳояшро дар самти мубориза алайҳи бартараф кардани офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон  бамаротиб афзоиш диҳад.

Зимнан, Петер Бурин афзудааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Афтидани кӯҳпораи 6-ҳазорметрӣ ба шоҳроҳи Рӯшон-Бартанг ва баста шудани роҳ

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби боронгариҳои шадид, дар минтақаҳои кӯҳи зуд- зуд офатҳои табиӣ рух медиҳанд, ки дар пай ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти молӣ меоранд.