Ҳушдори обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гарм мешавад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гарм хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттило Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

 Ҳамин гуна ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба назар мерасад. Ҳаво ин минтақа камабру бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки  бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва   рӯзона  20-25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.