ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Афғонистон аснои баромади раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, маргталаб худро таркондаст, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии 1TV
Маргталаб худро дар миёни издиҳоме, ки барои шунидани баромади Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури ин кишвар гирд омаданд,таркондаст.
Ба маълумоти пешакӣ, маргталаб мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираро асное ба кор андохт, ки Ашраф Ғанӣ тоза ба мулоқот бо намояндагони маъракаи интихоботӣ шурӯъ кард.
Феълан танҳо аз ҳалокати 24 нафар ва захм бардоштани 31 тани дигар маълум аст, аммо гуфта мешавад, ки мизони ҳалокшудагон ва захм бардоштагон аз ин адад ба маротиб беш аст.
Алъон аз ҷониби мақомоти марбута, шумораи умумии нафароне, ки ҷон бохтанд ва маҷрӯҳ гардиданд муайян мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар ҳодисаи рух дода худи раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ осеб надидаст.
Дар Афғонистон 18 нафар бар асари инфиҷори мошин ҷон бохтанд
Зимнан зикр мегардад, ки то ҳол ягон гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Бояд гуфт, ки маъракаи интихоботӣ дар Афғонистон 28 - уми сентябри соли равон доир мешавад.