Баҳси марзӣ: вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон аз сохтмони постгоҳ дар роҳи Исфара-Ворух

Қирғизистон тасмим гирифтааст дар роҳи баромад аз деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон постгоҳи назоратӣ созад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон роҳбари дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев.

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон

Ба гуфтаи вай, ҷониби Қирғизистон барои бунёди постгоҳ техникаву масолеҳи сохтмон овардааст.

“Ҷониби Қирғизистон дар ҳоли ҳозир, макони сохтмони постгоҳро омода кардаанд”, - зикр кард Иқбол Тешаев.

Инчунин вай таъкид кард, дар ҳоли ҳозир ҷониби Қирғизистон ба бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст, идома дорад.

“Мувофиқи созишнома ва санадҳои байниҳукуматӣ, Қирғизистон дар ҳудуди номуайян наметавонад сохтмон кунад. Тибқи санаде, ки соли 2014 ба имзо расида буд, Қирғизистон бояд дар роҳи гузар аз баромади Хоҷаи Аъло то Ворух қитъаи роҳ созад. Тибқи созишнома, байни Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон бояд роҳи мошингард месохт. Тоҷикистон қитъаи роҳи худро сохтааст, аммо ҷониби Қирғизистон, қитъаи худро намесозад. Роҳ бояд аз он ҷо гузарад, ки Қирғизистон дар он дорад постгоҳ месозад”, - зикр намуд Тешаев.

Ҳамзамон шаҳрдории Исфара таъкид намудааст, ки барои қатъи сохтмони постгоҳ миёни мақомоти ду кишвар гуфтушунид идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои худро ба мақомоти Қирғизистон расонидааст.

КДАМ аз амалҳои иғвогаронаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард

Ёдрас мешавем, ки ахиран ҷониби Қирғизистон эълон кард, Тоҷикистон ният дорад дар роҳи Ош-Исфана, ки тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад постгоҳи назоратӣ созад.

Аммо Иқбол Тешаев ин иддаоро рад кард, ва гуфт сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ин қитъаи роҳ дар қаламрави худ сангрезаву шағал рехтанд, аммо расонаҳои иттилотии Қирғизистон аз ин иқдом як ҳангома сохтаанд.

Вай афзуд, Қирғизистон 3-4 рӯз пеш маъракаи иттилоотиро роҳандозӣ карду Тоҷикистонро айбдор дорад, то ки иқдомҳои ғайриқонунии худро рӯйпуш намояд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Пурра таъйин нашудани хатти марз, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.