Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст.
Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.
Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб як гулгашту се боғро ифтитоҳ кард
Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шудаанд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6- метра, 82 адад 10-метра ва 2 адад 15-метра насб гардидаанд.
Боғ ду даромадгоҳ- аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд.
Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс
Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуд аттраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунанд.
Бурҷи Эйфел дар боғи мазкур аз мавзеи дидании шаҳри Кӯлоб дониста мешавад.