Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс: муштзани тоҷик дар рақобати аввал пирӯз шуд

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, феълан дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад. Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамин риштаи варзиш Шаббос Неъматуллоев бар ҳарифи худ аз Шветсия дар рақобати нахустин пирӯз шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев , ки имрӯз бо рақобати нахуст вориди майдон гардид, рақиби худро бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст дода, пирӯзӣ ба даст овард.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс Тоҷикистонро 4 муштзан намояндагӣ мекунанд

Гуфта мешавад, рақобати навбатии Шаббос рӯзи 15 - уми сентябр бо ҳамтои мисрияш Абдураҳмон Арабӣ баргузор мегардад.

Муштзанҳои навраси тоҷик аз Чемпионат медали биринҷӣ оварданд

Зимнан гуфта мешавад, ки дар вазни то 63 кило варзишкори  дигари тоҷик Баҳодур Усмонов имрӯз дар даври аввал бо маштзан аз  Украина Александр Железняк вориди майдон мешавад. Дар сурати ба даст овардани пирӯзӣ Баҳодур  ба даври 1/16 финалӣ роҳ меёбад.

Ҳафт муштзани тоҷик барои Ҷоми Президенти Қазоқистон қувваозмоӣ мекунанд

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс  дар шаҳри Екатеринбург байни мардон бори аввал дар таърихи Русия баргузор шуда, дар он 488 нафар муштзанон аз 91 кишвари дунё иштирок мекунанд.