Сабрина Абророва боз пирӯз шуд: дар қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ ӯ 2 медали нуқра гирифт

Сабрина Абророва шоҳмотбози навраси тоҷик дар Қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ ду медали нуқра гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Дирӯз дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасон дар равияҳои гуногуни ба мисли классикӣ, рапид ва блитс ба анҷом расид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Шоҳмотбозии Сабрина дар Ҳиндустон: медали нуқра дар рӯзи аввал

Ба иттилои манбаъ, шоҳмотбози тоҷик  Сабрина миёни духтарони то 14-сола дар равияи шоҳмоти классикӣ ҷои дуюмро ишғол кард.

Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мусобиқаи шоҳмот баргузор мегардад

Сабрина дар 9 давр бо 6 ғалаба бар намояндагони Ҳиндустон, Узбакистон ва Шри Ланка, 2 мусовӣ бо намояндагони Ҳиндустон ва 1 бохт бар намояндаи Ҳиндустон сазовори 7 хол гардид.

Ҷойҳои якуму сеюмро варзишгарони Ҳиндустон ишғол намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Сабрина Абророва дар рӯзи аввали мусобиқот дар равияи рапид (босуръат) низ медали нуқра ба даст оварда буд, аммо дар равияи блитс, ки дар рӯзи охири мусобиқа доир гашт, пас аз 4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 2 бохт дар 9 давр бо 5,5 хол ҷои 11-умро ишғол кард. Дар ин равия ҷойҳои якуму сеюмро намояндагони Ҳиндустон, ҷои дуюмро намояндаи Узбакистон ба даст оварданд.

Шоҳмотбози тоҷик дар Қирғизистон медали тилло гирифт

Ҳамин тариқ, дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ миёни наврасон, ки бо иштироки 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат - Амрико, Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Шри Ланка ва Эрон аз рӯи 8 синну сол ҷараён гирифт, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҳиндустон бо 116 медал ҷои аввалро ишғол кард. Узбакистон бо 6 медал ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медал ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Тоҷикистон бо 2 медали нуқра дар мақоми 4-ум мавқеъ гирифт.