Рустами Эмомалӣ ҷаласаи вакилони Душанберо даъват кард

Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҷаласаи навбатии вакилони халқи шаҳри Душанберо даъват кардааст, ки 20-уми сентябр дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷумро 20 сентябри соли 2019, соати 9 даъват кардааст.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: кӯчаҳои пойтахт боз ҳам обод ва сабзу хуррам мегарданд

Макони баргузории маҷлиси вакилон толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 муқаррар шудааст.

Дар назар аст, ки вакилон вазъи иҷрои  Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” дар соли 2019-ро баррасӣ кунанд.

Инчунин дар нақша аст, ки муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони навоҳии пойтахт дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе гузориш таҳия кунанд.

Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео

Шаҳрдор қарор кардааст, ки  вакилон то санаи 18 сентябри соли равон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда,  аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ барои такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистум таклифҳоро ироа кунанд.