Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди Институти шарқшиносӣ дар шаҳри Маскав

Бобоҷон Ғафуров – шарқшинос ва шахсияти маъруфи тоҷик дар пажиҳушу гироиши илмии даврони Шӯравӣ навовариҳои беназир анҷом дода, андешаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати тоҷикону Тоҷикистон дигар намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Номи Бобоҷон Ғафуровро ҳар як шахсе, ки каму беш ба Тоҷикистон ошно аст медонад. Вай яке аз муътабартарин ашхос миёни фарзонафарзандони миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ғафуровро дар Русия аз ҳама бештар ҳамчун мудир ва асосгузори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мешиносанд. Ин пажуҳишгоҳ яке калонтарин маркази илму тадқиқот ба шумор мерафт, ба пажуҳиши кишварҳо ва халқҳои Осиё ва Африқои Шимолӣ машғул буд. Меҳнати ӯ дар ин Пажуҳишгоҳ беназир дониста мешавад.

Рушди Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ дар замони Ғафуров

Шарқшиносӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор дошт, барои ҳамин Институти халқҳои Осиё, ки дар соли 1950 аз Ленинград ба Маскав кучонида шуда буд ва роҳбари он аз тарафи сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин карда мешуд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Дар миёни солҳои 50 маълум гардида буд, ки фаъолияти Институти Шарқшиносӣ на он қадар хуб аст. Фаъолияти онро зиёд интиқод мекарданд, ҳатто худи Ғафуров низ чандин маротиба аз фаъолияти на он қадар қобили қабулашон танқид карда буд. Ба гуфтаи академик Рибков дар он даврон мазҳакаомез ин гап анъана шуда буд: “Шарқ бедор шуду Институти шарқшиносӣ то ҳол хоб аст”.

Ҳамин тариқ Бобоҷон Ғафуровро, ки тайи 10 сол роҳбари аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд мудири Институти шарқшиносӣ интихоб карда шуд.

Ғафуров тавонист дар як муддати кутоҳ вазъи пажуҳишгоҳро беҳтар гардонад. Аз фаъолияти ӯ як сол нагузашта бори аввал дар шаҳри Тошканд аввалин конфронсии илми иттиҳоди кишварҳо баргузор гардид.

Дар давоми як сол Ғафуров тавонист, ки шумораи кормандони Институтро аз 185 нафар ба 338 кас расонад.

Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд?

Дар баробари ин вазъи молии институт беҳтар гаштан гирифту кормандонаш тез-тез ба хизматҳои илмӣ-амалӣ сафарбар гардидан гирифтанд.

Ғафуров сохтори дохилии Институти шарқшиносиро бо мақсади қавитар омӯхтани таъриху фарҳанги мамлакатҳои Шарқ мувофиқ гардонд. Дар назди Институт “Нашриёти адабиёти Шарқ” - ро ташкил намуд.

Аз ҷумла, 25 гурӯҳ корӣ (бахш) ташкил шуд (аз онҳо 3 гуруҳи корӣ дар Ленинград); 18 гурӯҳ дар 5 шуъбаи аз рӯи принсипи минтақавӣ фаъолияткунандаи мамлакатҳои Шарқи Араб, Шарқи Наздик ва Миёна, Ҳиндустон, Хитой, Шарқи Дур таъсис ёфт.

Дар давраи сарварии Б. Ғафуров шумораи кормандони илмии институт беш аз 9 баробар афзуда, соли 1977 ба 839 нафар расида буд.

Миёнаи солҳои 1950 нақшаи қабул ба шуъбаи аспирантураи институт аз 7 – 8 довталаб беш набуд. Б. Ғафуров ин нишондиҳандаро даҳ маротиба зиёд намуда, теъдоди қабули солонаро ба 70 – 80 нафар расонд.

 

Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди Институти шарқшиносӣ дар шаҳри Маскав

Ҳамин тариқ Ғафуров тайи 21 сол пажуҳишгоҳро роҳбарӣ намуда то соли 1977, яъне вафоташ дар пешрафти он хидмат кардаааст.

“Мудирияти Ғафуров давраи беҳтарин дар таърихи Институти шарқшиносӣ мебошад”, - ёдовар мешавад филолог ва японшиноси машҳур Владимир Михайлович Алпатов.

Бобоҷон Ғафуров соли 1956 аз вазифаи Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон озод ва директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таъйин гардид. Барои Б. Ғафуров ин тавр тағйир ёфтани масъулияти хизматӣ чун атои тақдир ҳисоб меёфт, ҳарчанд то дар доираҳои илмӣ эътироф шудан вақт лозим буд.

Бояд гуфт, ки дар ҳамаи дастовардҳои даҳсолаи баъдиҷангии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1946 - 1956) Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари вақти ҷумҳурӣ нақши бениҳоят бузургу ҳалкунанда дошт. Дар чунин вазъ аз рӯи мантиқи вобаста ба низоми давлатдории замон зарурати ба кори дигар гузарондани академик Бобоҷон Ғафуров пеш наомада буд, аммо ӯро ҳамчун шахси донишманд ҳамчун роҳбари як пажуҳишгоҳ таъйин намуданд.

Сирри нест шудани дукони намоишии Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав  

Дарвоқеъ, ба ин вазифа таъйин намудани Б. Ғафуров ба даврае рост омад, ки зарурати бардоштани нуфузи ин маркази муҳими илмӣ дар доираҳои мақомоти ҳизбию давлатӣ торафт равшантар эҳсос мешуд. Зеро нуфузи Институти шарқшиносӣ дар арафаи директори он таъйин гардидани Б. Ғафуров то дараҷае пойин рафта буд, ки дар зинаҳои болоии роҳбарияти мамлакат, ҳатто масъалаи барҳам додани он ва ба зиммаи академияҳои ҷумҳуриявиву факултетҳои таърихи донишкадаю донишгоҳҳои олӣ вогузор шудани масоили илмии шарқшиносӣ пеш омада буд. Ба гуфтаи академик Е.М. Жуков дараҷаи омӯзиши масъалаҳои Шарқ аз талаботи замон тамоман қафо монда буд.

Дар кадом ҳолат қарор доштани Институти шарқшиносӣ ва ба кадом сатҳ расидани онро дар давраи роҳбарии Б. Ғафуров (1956 - 1977) ёддошту гузоришоти ҳамкорони ӯ, ки тамоми фаъолияти худро барои рушди ин равияи илмӣ бахшидаанд, то андозае равшан кардаанд.

Хурд, аммо пур аз ороиш – дукони Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав чӣ гуна буд? - Навор

Яке аз ҳамкорони Б.Ғафуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Г.К. Широков аз хизмати беҳамтои ӯ дар рушди шарқшиносӣ ёдовар шуда, чунин қайд кардааст: “Ба шарқшиносӣ омадани Б. Ғафуров барои таҳаввулоти ин соҳаи илм роҳи васеъ кушод. Ман махсус аз омадани ӯ ба Институти шарқшиносӣ не, балки аз шарқшиносӣ мегӯям. Чунки роҳбарӣ ба ин маркази калони илмӣ ва амалан таъсир гузоштан ба маҷаллаҳо ва нашриёт маънии роҳбарӣ намудан ба ҳамаи ин соҳаи илмро дошт”.

Маълум буд, ки барои тайёр кардани мутахассисони равияҳои нави илмие, ки Б. Ғафуров ба нақша гирифта буд, пойгоҳи мустаҳкам ташкил кардан лозим меомад. Аз ҷумла, доир ба давлатҳои нави аз мустамлика раҳо ёфтаву ба доираи таҳқиқот воридшуда, равияҳои илмии иқтисодиёт, сотсиология, сиёсатшиносӣ, забоншиносӣ ва ғайра на танҳо барои худи институт, инчунин, барои дигар марказҳои шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисони соҳавӣ тайёр кардан зарур буд.

Аз ин рӯ, Б. Ғафуров барои зиёд намудани теъдоди аспирантон чораҷӯӣ намуда, бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи машварат бо мутасаддиёни банақшагирӣ ва маблағгузории давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ теъдоди қабул ба аспирантураро ба маротиб зиёд намуд.

Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди Институти шарқшиносӣ дар шаҳри Маскав

Дар давраи сарварии Б. Ғафуров шумораи кормандони илмии институт беш аз 9 баробар афзуда, соли 1977 ба 839 нафар расида буд. Маълум аст, ки бе ҷамъоварии маводи зарурӣ доир ба таъриху фарҳанги мамлакатҳои Шарқ таҳқиқоти ҷиддӣ пеш бурдан ғайриимкон буд. Ин заруратро ба назар гирифта, Б. Ғафуров бо ҳар восита дар солҳои 60 – 70 – уми асри гузашта ҳамасола ба хориҷа сафари илмӣ анҷом додани 120 - 140 нафар ходимони институтро таъмин менамуд.

“Тоҷикон” ва ё пешравӣ дар шарқшиносии ҷаҳонӣ

Бояд гуфт, ки бо нашри китоби “Тоҷикон” дар бораи таърих ва кӣ будани халқе бо номи тоҷик дар Осиёи Марказӣ Ғафуров ин милатро ба ҷаҳониён ошно кард.

Китоби “Тоҷикон”, ки дар соли 1972 нашр гардида буд то ҳол қимматашро гум накардааст. Дар ин китоб Ғафуров исбот кардааст, ки тоҷик милатест, ки фарҳангу тамаддунаш асрҳо пеш рушду нуму карда буданд.

Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун таърихшинос, исломшинос рисолаҳои илмиии номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда буд.

Ӯ соли 1974 тариқи хидмати давлатӣ-илмӣ ба Арабистони Саудӣ сафар намуда хонаи Худоро зиёрат карда буд. Ӯ худро ҳоҷӣ низ меҳисобид.