Барканории муфтии Узбакистон тасдиқ нашуд

Усмонхон Алимов, муфтии Узбакистон мақомашро ҳифз карда, хабарҳо дар бораи барканории ӯ такзиб шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раёсати мусалмонҳои Узбакистон хабарҳо дар бораи барканории Усмонхон Алимов аз мақоми муфтии ин кишварро рад кард, иттилоъ дод хадамоти матбуоти раёсат.

Абдулқодирзода гуфт, ки фитри рӯза бештар аз 1000 доллар ҷамъ шуд

Рӯзи 10-уми сентябри соли равон дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр гардид, ки дар ҷаласаи Академияи байналмилалии исломӣ дар Узбакистон таҳти раёсати сарвазир Абдулло Орипов муфтӣ Алимов аз мақоми роҳбари Раёсати мусалмонҳои Узбакистон барканор шуд.

Инчунин таъкид шуда буд, ки аз довталабони асосии ин мақом Хайруллоҳ Турматов мебошад, ки сархатиби вилояти Тошканд буд.

Муфтӣ Аляудинов, аз мусалмонон даъват кард, ки барои дигарон намунаи ибрат бошанд-видео

"Маврид ба таъкид аст, ки хабарҳои паҳншуда дар бораи барканорӣ воқеият надоранд ва муфтӣ Усмонхон Алимов корро ба ҳайси роҳбари Раёсати мусалмонҳои Узбакистон идома дода истодааст", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти ин ниҳод.

Усмонхон Алимов дар мақоми муфтии Узбакистон аз 8 августи соли 2006 кор мекунад.