Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Дар осорхонаи қувваҳои мусаллаҳи шаҳри Маскав хотираҳои қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), пулемётчии моҳир аз Тоҷикистон – Мирзо Бобоҷонов нигоҳ дошта мешаванд. Дар назди расми Бобоҷонов дӯсти вафодори ҷангии “Максим” низ нигоҳ дошта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ташкилотчии гуруҳи комсомолӣ, пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов аз Истаравшани Тоҷикистон барои корнамоиҳои далеронааш ҳангоми задухӯрд дар Сандомири Полша дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар соли 1944 соҳиби шуҳрати беандоза гардида буд.

Пулемёти ҷавони шуҷоу далери тоҷик як таҳлукае барои ҷониби муқобил гашта буд. Барои ин қаҳрамониҳо Мирзо Бобоҷонов бо ду орден –  Ситораи Сурхи Ҳарбӣ, Шарафи дараҷаи 3 ва грамотаи фахрии Кумитаи марказии Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Умумииттифоқ (ИЛКҶУ) сарфароз гардонида шуда буд. Баъди ҷанг қаҳрамон ба ватанаш Тоҷикистон баргашт, мошини ҷангияш бошад дар осорхонаи марказии қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар Маскав ҷой дода шуд.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Баъди 17 сол Бобоҷонов ногаҳон вориди осорхонаи мазкур гардида, мефаҳмад, ки бо Ордени ситораи сурх мукофотонида шудааст, аммо баъди марг. 

Мирзо Бобоҷонов

Мирзо Бобоҷонов 25 июли соли 1925 дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон  дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси муаллими ибтидоӣ дар мактаб оғоз карда, дар корҳои комсомолӣ фаъолона иштирок намудааст. Аз соли 1938 узви Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Умумииттифоқ (ИЛКҶУ) будааст.

Хотирашонро пос медорем: дар Душанбе аз қаҳрамонони ҶБВ ёд карданд-аксҳо

Бобоҷонов баъди баргаштан аз Фронт ба ҳайси омӯзгор дар мактаби миёна фаъолияташро давом додан гирифт. Дар соли 1949 мактаби партиявии назди Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва соли 1958 факултаи таърихи донишкадаи омӯзгориро хатм менамояд. Дар мақомҳои ҳизбӣ низ фаъолият мекунад.

Дар соли 1966 бо ташаббуси полковник Раҷабалӣ Ҷалилов ва майори бознишаста Мирзо Бобоҷонов дар ҷумҳурӣ ҷунбиши собиқадорони ҷанг ташкил карда шуд. Бобоҷонов дар соли 1987 роҳбари аввали Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамчунин вай узви Шӯрои президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Махсусан бо ташаббуси Бобоҷонов дар Душанбе Коллеҷи ҳарбӣ (ҳозира Институти низомии Вазорати Мудофиа), мактаб-интернати ҳарбӣ, госпитал барои иштирокчиёни ҶБВ, шабакаи мағозаҳои “Собиқадори ҷанг” ташкил карда шуда буданд.

Вай тайи 35 сол дар мақомтҳои гуногуни Ҳизби коммунистӣ, аз ҷумла 30 сол дар Кумитаи марказии ҳизб кор кардааст. Ӯ то охири ҳаёт узви пленуми Кумитаи марказии партияи коммунистии Тоҷикистон будааст. Солҳои зиёд дар шаҳри Маскав фаъолият намуда, вакили мардумии ИҶШС ва узви парлумон будааст.

Мирзо Бобоҷонов соли 1992 ҳангоми даргириҳои оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин оламро тарк кардааст.

Қаҳрамониҳои Мирзо Бобоҷонов

Ҷавони тоҷик ба фронт чун бисёр иштирокдорони ҷанг ба хоҳиши худ рафта будааст. То ин дам дар ин ҷанг ду бародари Мирзо ҷонҳояшонро аз даст дода буданд. Яке Лутфулло дар соли 1941 беному нишон шуд ва дигаре Аҳмадҷон, ки пулемётчӣ будааст дар соли 1943 қурбонии ин задухӯрд гардидааст.

Бобоҷонов то охири ҷанг дар фронт будааст. Баъди як соли муҳорибаҳояш модараш ифтихорнома барои тарбияи фарзанди шуҷоъ гирифтааст.

Собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон соҳиби кадом имтиёзҳоянд?

Дар моҳи апрели соли 1944 ӯро фармондеҳи пулемётчиёни қисми 3-юми аскарони хушкигарди 294-и, 97-ум дивизияи гвардиявӣ, ки дар муҳорибаҳои Лвов-Сандомир иштирок карда буд, таъин намуданд.

Дар ҳамон задухӯрди хунин пулемётчии 19-солаи тоҷик қаҳрамонии фаромӯшнашаванда нишон дода буд. Ӯ дар баробари бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, овозашро гум карда аз гапзанӣ монда буд. Мирзо тули ду рӯз пулемёташ таҳти № 265-ро напартофта баҳри нест кардани фашистон то хомӯш шудани ин задухӯрд муҳориба намудааст.

“... Мирзо тасмим гирифтааст, то душманон наздиктар шаванд ва баъдан онҳоро нишони дуруст гирад. Аммо дар наздаш тире кафидааст. Вай сахт лат хӯрдааст, вале майдони ҷангро тарк накардааст. Душман алакай наздик будааст. Бобоҷонов аввал норинҷакро ба сӯи фашистон ҳаво дода баъдан бо силоҳи худ – “Максим” онҳоро тирборон намудааст. Муқобилон ба ин тоб наоварда даҳҳо куштаро дар майдони ҷанг гузошта, ба қафо гурехтаанд”, - навишта буданд рӯзномаҳои давр.

Сайёрабеков: собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон нафақаи хуб мегиранд

Фармондеҳи артиш Алексей Семёнович Жадов ҷавони шуҷоъро хуб дар ёд гирифта будааст. Баъдан вай дар ёддоштҳояш чунин навишта буд: “Бобоҷонов 2 шабонарӯз бо пулемёти “Максим” майдони ҷангро тарк накарда ба фашистон чандин ҳамлаҳо анҷом дод. Ва танҳо вақте, ки қисмати дивизия душманро дур кард вай ба қисми ҳарбии худ баргашт...”.

Дар он солҳо қаҳрамониҳои Мирзо аз даҳон ба даҳон байни халқ овоза шуда буданд. Ва ҳатто дар варақае, ки аз 4 саҳифа иборат буд ба воситаи он номҳои ҷанговарони далер ба ҳамаи фронт фиристода мешуд, номи 2 тоҷик, яке Мирзо Бобоҷонов ва дигаре Фахриддин Аминов буданд. Ин варақа “қаҳрамонҳои муҳорибаи Сандамир” ном гирифта буд.

Баъди чанде газетаи дивизионӣ навишта буд: “... сержанти калони гвардия, Бобоҷонов Мирзо, тарбияёфтаи комсомоли Ленинӣ новобаста аз бардоштани ҷароҳатҳои зиёд, гум кардани овоз ва аз гапзанӣ мондан, майдони набардро тарк накарда, тирборон кардани душманро то анҷоми ин муҳориба идома дод. Ин қаҳрамон дар ин муҳориба қариб душманони зиёдеро ба ҳалокат расонида ду нуқтаи оташкушоиро бекор кад. Ҳангоми ворид шудан ба Варшава Мирзо Бобоҷонов ҷароҳати вазнин бардошт. Пораи тир як пои ӯро сӯрох карда гузашт. Пулемёт-Максими ӯ ба дасти дигар ҳамгуруҳи ӯ гузашта то охири ҷанг хизмати шоиста кард...”.

Баъди ҷанг Бобоҷонов ба ҳамсараш дар бораи ин задухӯрдҳо чунин нақл карда будааст:

“Сеюми сентябр 1943 ман ҷароҳат бардошта дар дохили ҷангал медавидам, сарам чарх мезад ва аз ҳайбати ҷанг замин меларзид. Ногаҳон ҷасади занеро дидам, ки ҳамааш пур аз хун буд ва чизе болои ӯ меҷунбид. Фикр кардам шояд ягон ҷонвар аст, ӯро медарад. Вакте, ки наздиктар омадам дидам, ки кудак аз пистони модар хун мемакад. Фашистон на танҳо ба бадани ӯ тир холӣ карда буданд, балки ҳамаи танаи ӯро пай дар пай чок карда буданд. Ҳеҷ гоҳ ин манзара аз ёдам намеравад. Баъди анҷом ёфтани ин муҳориба фармондеҳон ба ман гуфтанд, ки ӯ зани як партизан будааст. Фашистон ӯро зиёд пурсидаанд то ифшо кунад ҷои тарафдоронашонро, аммо ӯ қоил нашудааст. Вақте, ки мо наздик шудем душманон уро бераҳмона ба қатл расонидаанд”, - аз даҳшатҳои ҷанг ёдовар мешудааст ӯ.

Вазорати тандурустӣ аз теъдоди роҳхатҳои ройгон барои иштирокчиёну маъюбони ҶБВ хабар дод

Барои қаҳрамониҳо дар ҶБВ, барои нест кардани зиёда аз 300 сарбоз ва афсари фашист, барои асир гирифтани 14 фашист, барои омода намудани 17 пулемётчӣ  Мирзо Бобоҷонов бо ордени Шараф дараҷаи 3, ду ордени ҳарбии  ситораи сурх ва 7 медали гуногуни дигар сарфароз гардонида шуда буд.  

Илова бар ин баъди ҷанг ӯ бо ордени ҶБВ дараҷаи аввал ва якчанд ордени меҳнат мукофотонида шуда буд.

Дар осорхонаи шарафи ҳарбии шаҳри Сандомири Лаҳистон номи Мирзо Бобоҷонов дар рӯйхати қаҳрамонҳои майдони ҷанги Сандомир нигошта шудааст.

Рӯзи ғалаба – 9 майи соли 1945-ро  Мирзо дар дар госпитали ҳарбии Пенза пешвоз гирифт, пулемёти ӯ бошад дар намоишгоҳи фронти 1-уми Белорус пешкаши тамошобинон гардонида шуда буд. Қаҳрамон то моҳи августи соли 1945 дар беморхона хоб карда буд ва аз онҷо ҳамчун маъюби дараҷаи дуюм ба Тоҷикистон баргашт. Вай аз асари зарбаи сахт наметавонист калимаҳоро дуруст талаффуз кунад. Баъди табобат дар беҳтарин шифохонаҳои ИҶШС ва машқҳои тулонӣ овозашро барқарор кард.

Ҳодиса дар осорхонаи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Баъди ҷанг пулемёти Мирзоев дар яке аз толорҳои осорхонаи Қуваҳои мусаллаҳи ИҶШС ҷой дода шуда буд. Баъди 17 сол аз анҷоми ҷанг Бобоҷонов ҳангоми сафари хидматӣ вориди ин осорхона мешавад. Миёни ҳама ёдгориҳо дарҳол пулемёташро мешиносад. Дар тавзеҳнома ба пулемёт қаҳрамониҳои Бобоҷонов иншо шуда, худи ӯ дар фронт фавтида нишон дода шуда будааст.

Қарори кӯмаки Аҳмадзода ба шахсоне, ки дар ҶБВ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд

“Дар толор ду пулемёт яке пулемёти қаҳрамони ИҶШС, Александр Жежери украинӣ ва дуюмин аз падари ман ҷой дода шуда будаанд. Падарам то охири умраш бисёр ҷавон менамуд.  Ҳамин тариқ падарам ба назди пулемёташ рафта ӯро сила мекунад. Назоратчии толор ин корро дида, ба ӯ чунин танбеҳ медиҳад: “Ҳой ҷавон ба он ёдгорӣ нарасед”. Падарам бошад ба ӯ чунин ҷавоб медиҳад: “Ин ёдгорӣ нест, ин дӯсти ҷангии ман аст”. Дар рӯзи дигар ҳама рӯзномаҳои хабарӣ бо сарлавҳаҳои “Дидор бо қаҳрамон” хабар интишор намуданд”, - ёдовар мешавад писари қаҳрамон.

Хатоҳои дар бораи қаҳрамон навишташуда дар осорхона дарҳол ислоҳ карда шудаанд.

Баъди ин воқеа дарҳол дар худи ҳамон осорхона дар ҳузури оммаи мардум ба Бобоҷонов дуюмин ордени ситораи сурхро туҳфа карданд. Орден новобаста аз гузашти 17 сол соҳибашро пайдо кард.

Дар бойгонии Вазорати мудофиа дар шаҳри Маскав то ҳол ҷоизаи қаҳрамони ИҶШС ба номи Бобоҷонов Мирзо нигоҳ дошта мешавад. Аммо афсус, ин ситораи тиллоиро дар зиндагияш ба ӯ ҳадя накарданд. Дар моҳи марти соли 1945 бархато  ӯро марҳум ҳисобида ҷоизаро ба дигар ҷанговар додаанд.  

22 июн- оғози ҶБВ: навор аз лаҳзаҳои ҷанг

“Ӯро ҳалокшуда пиндошта қаҳрамони ИҶШС баъди марг ба номаш эълон намудаанд. Варақаи ҷоизавӣ дар дастамон ҳаст, аммо дар ӯ навишта шудааст, ки рафиқ вафот кард ва мукофоти олӣ ба қаҳрамонҳои зинда дода мешавад”, - қисса мекунад писари ӯ.

Дигар маълум нест, ки Бобоҷонов ба ин осорхона дигар омад ё на. Аммо баъди он ҳодисаи таърихӣ расми худро ба ин осорхона ҳамчун туҳфа боқӣ гузошта дар он навишта шудааст: “Ба осорхонаи артиши шӯравӣ ҳамчун рамзи миннатдорӣ барои нигоҳ доштани дӯсти ҷангии ман - “Максим” аз Мирзо Бобоҷонова, 17.07.1962”.

Ҳамин тавр 2 дӯсти рамзии даврони ҷанг бо ҳам вохӯрданд ва то ҳол ин толори осорхонаро зинат медиҳанд.

Ҳоло дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе лавҳаи ба қаҳрамонони ҶБВ бахшида шудааст, ки дар он номҳои онҳо сабт шудаанд. Фарзандон ва наберагони Бобоҷонов чун анъана ба Осорхонаи марказии шаҳри Маскав меоянд ва дар назди расми ӯ ва пулемёташ гул мегузоранд.