ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Интизор меравад, рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардад, иттилоъ медиҳад хабаргузории КирТАГ бо истинод ба хабаргузории Тренд.
Баррасии барӯйхатгирии аҳолии ИДМ дар Бишкек
Ҳамчунин, масоили марбут ба омодаёбӣ ба нишасти Шӯрои вазирони ИДМ рӯзи 10 октябри соли равон ва Шӯрои сарони ИДМ рӯзи 11 октябри соли равон мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Туркманистон имсол раёсати нишасти иқтисоди ИДМ-ро бар дӯш дорад.
Роҳбарони гумруки кишварҳои ИДМ дар Маскав тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иқтисодии ИДМ моҳи апрели соли 1999 таъсис ёфта буд. Ин шӯро дар заминаҳои таҳияи пешниҳодҳо дар бораи сомонаҳои ҳисоби муқобила ва пардохтҳои бозаргонӣ, эҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ва созмонӣ барои гузор ба сатҳҳои беҳтари ҳамкории иқтисодӣ фаъолият дорад.