“Тоҷикстандарт” майдончаи варзишӣ бо дурбинҳои назоратиро ба истифода дод

Мақомдорони Ожонси “Тоҷикстандарт” бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ боз як майдончаи варзишӣ ва макони бозии кӯдаконро ба истифода доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, масоҳати умумии иншооти навбунёд 3990 метри мураббаъ буда, он аз майдончаи варзишӣ - бозии волейбол, баскетбол ва футбол, майдончаи бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳ иборат аст.

Насби муҷассамаи табақ, косаю чойник дар хиёбони Раҳмон Набиев

“Дар як қисмати майдончаи варзишӣ ду адад айвонча аз конструксияҳои оҳанин насб карда шуда, масоҳати 1756,8 метри мураббаъ сабзазор гардида, зиёда аз 1700 дона гулҳои ороишӣ ва 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудаанд”, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, дар ҳудуди майдонча 16 адад чароғакҳои равшанидиҳанда ва 7 адад дурбинҳои назоратӣ насб гардида, 15-то нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудаанд.

Инчунин роҳравҳои ҳудуди майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон дар масоҳати 550 метри мураббаъ сангфарш гардида, дар канори майдончаи варзишӣ дар масоҳати 207 метри мураббаъ таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Гузориши раиси ноҳия: соҳибкорон дар Дӯстӣ чиро бунёд карданд?

Таъкид шудааст, ки дар баробари ба анҷом расонидани корҳои лоиҳавӣ, бо супоришҳои иловагӣ ободонии шафати майдончаи варзишӣ -  ҳамворсозию бетонпӯшкунӣ ва навсозии роҳраву майдони назди биноҳои истиқоматӣ амалӣ карда шуд, ки масоҳати онҳо зиёда аз  700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки батартибдарории ҷӯйбору сабзазоркунии атрофи майдонча, насб намудани новаҳои нави бетонӣ бо дарозии 187,5 метр ва рангубори биноҳо дар масоҳати 2664 метри мураббаъ амалӣ гардид.

Мояи хушнудист, ки бунёди иншооти муҳими  варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонон  шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Иқдоми мазкур  ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминаҳои устувор фароҳам меорад ва дар ташаккули ҷисмию маънавии насли наврас нақши назаррас мегузорад.