Размоиши муштараки низомӣ дар Суғд

Sputnik

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ рӯзи 5 сентябр бо иштироки Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар машқгоҳи низомии “Чорухдаррон” доир шуд.

Файзов ва Шералӣ Мирзо машқҳои муштарак бо Чинро муҳим хонданд

Манбаъ зикр кардааст, ки размоиши мазкур, дар чор марҳила ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадафи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ бо қушўнҳои гарнизони Суғд сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва кўҳистони ҳудуди вилоятро дар бар мегирад.

Дар Тоҷикистон бо ширкати нерӯҳои Русия размоиш баргузор мешавад

Дар машқҳо тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, қувва ва воситаҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, инчунин ҳайати роҳбарикунанда аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҷалб шуданд.

Нерӯҳои Тоҷикистон ва Узбакистон нахустин бор размоиш мекунанд

Дар ҳамин ҳол, вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни суханронии таъкид намудааст, ки мақсади баргузории тамринҳо ин баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, пурзӯр намудани ҳамкории сохторҳои низомӣ ва беҳтар намудани омодабошии шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ба ҳисоб меравад.

Сипас, ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳои навбатӣ, медалу Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Сипосномаи Мақомоти вилоят супорида шуд.

1 / 14
Аз 3-юм то 5-уми сентябри соли равон дар дар машқгоҳҳои низомии “Чорухдаррон” ва “Нурафшон”-и Суғд машқҳои муштарак низомӣ баргузор шуд
2 / 14
Машқҳои муштарак бо иштироки Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар машқгоҳи низомии “Чорухдаррон” доир шуд
3 / 14
Дар машқҳо тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, қувва ва воситаҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 иштирок доштанд
4 / 14
Инчунин, ба машқҳои муштарак ситоди генералӣ ва навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҷалб шуданд
5 / 14
Омодагии низомиён ба оғзи размоиши муштараки низомӣ
6 / 14
Гузашти ҳарбии низомиёни кишвар дар назди Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
7 / 14
Тамошои вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти машқҳои низомӣ
8 / 14
Размоиши муштараки низомӣ дар Суғд
9 / 14
Машқҳои муштарак, дар чор марҳила ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуд
10 / 14
Иштирок ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар машқҳои ҳарбӣ
11 / 14
Ҳадафи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ бо қушўнҳои гарнизони Суғд сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣдар бар мегирад
12 / 14
Сарбозону афсарони тоҷик зимни гузашти ҳарбӣ дар Суғд
13 / 14
Машқгоҳҳои низомии “Чорухдаррон” ва “Нурафшон” машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қӯшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 баргузор гардид
14 / 14
Сипас, ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳои навбатӣ, медалу Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Сипосномаи Мақомоти вилоят супорида шуд