ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони ин иншоот мукофотҳои давлатӣ супорид.
Бино бар иттилои манбаъ, бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии “Роғун”” бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи II”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.
Раҳмон мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид
Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Неругоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, муҳандисон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, сементатор, андовачӣ, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ Президенти Тоҷикистон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу кард.