Набояд ин хел бозӣ кард: интиқоди тунди сармурабии мунтахаби Қирғизистон аз тимаш

Сармурабии мунтахаби Қирғизистон аз бозии тимаш бо мунтахаби Тоҷикистон, ки бо бохти футболбозони қирғиз анҷом ёфт, изҳори норизогӣ карда гуфт, дастпарваронаш бояд ин тавр бозӣ намекарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Александр Крестинин сармурабии футболбозони Қирғизистон бозии шогирдонаш бо тими Тоҷикистонро шарҳ дода гуфт, ки дар футбол набояд ин хел бозӣ кард.

Навори голзании Ҷалилов, ки тими Қирғизистонро шикаст дод - видео

Нахустин бозии марҳилаи дувуми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон - 2022 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Зимнан пас аз чанде сармурабии тими Қирғизистон Крестинин Александр ба Федератсияи футболи ин кишвар  бозии шогирдонашро шарҳ дод.

Манучеҳр Аҳмадов, капитани дастаи футболи “Хуҷанд” тимашро тарк кард

Крестинин сараввал мунтахаби Тоҷикистонро барои пирӯзияшон муборакбод намуда, аз бозии шогирдонаш изҳри норизогӣ кард. 

"Футболбозони қирғиз ба гунае, ки дар тамринҳо худро нишон медоданд, дар сабқат бо тими Тоҷикистон ин хел бозӣ накарданд. Агар бохташонро ба ҳайати сусти даста рабт диҳем ҳам дуруст нест, зеро мо кӯшиш кардем то беҳтаринҳоро интихоб кунем. Бале, чанде аз футболбозони моҳир дар бозӣ ширкат надоштанд, вале қисмати беши онҳо дар ин бозӣ ҳузур доштанд", - изҳор намудаст сармуррабии тими Қирғизистон.

Ба гуфтаи вай тактикаи футболбозони қирғиз оиди  мудофиа намудан аз ҳамлаи бозингарони тоҷик нодуруст буд. Футболбозони қирғиз гӯё худашон тӯбро гирифта ба рақибашон доданд, алахусус дар нимаи аввали бозӣ.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Миёнмор ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро рӯзи 10-уми сентябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳад.