ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Талабшоҳи Салом. Дар ҳамин айём буд, ки мухолифати ниҳодҳои ҳукуматӣ, аҳзоби мухолиф ва чеҳраҳои алоҳида алайҳи Набиев афзуд. Давлат Худоназаров моҳи июли ҳамон сол дар суҳбат бо рӯзномаи “Независимая газета” гуфта буд, “феълан мардуми авомро муттаҳид кардан лозим аст. Сарварони асилро ёфтан ва бо онҳо вориди музокира шудан лозим аст. Шахсан барои ман раисҷумҳур Раҳмон Набиев вуҷуд надорад.
Ҳама амалҳои раисҷумҳур ӯро беобрӯ карданд”. 27-уми июн ҳам нерӯҳои мухолиф низ бинобар худсариҳои раисҷумҳур дар робита ба ҷойгузинии кадрҳо дар ҳукумат изҳорот доданд. Норозигии мухолифин дар пайи аз мансаб сабукдӯш шудани генерал Баҳром Раҳмонов, раиси Кумитаи дифоъ сар зад. Тибқи изҳороти мухолифин, онҳо ҳамчунин огаҳ шудаанд, ки фармони раисҷумҳур дар робита ба аз маснад барканор кардани А. Солибоев, раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон омода шудааст.
Иддаои мухолифин дар робита ба барканор кардани раиси КАМ дуруст баромад. Зеро як ҳафта баъд аз расонаӣ шудани иҳзороти мухолифин А. Солибоев аз вазифа барканор гашт. 5-уми июл Телевизиони Тоҷикистон хабар дод, ки як рӯз қабл Алиҷон Солибоев бо хоҳиши худ аз раёсати Кумитаи амният даст кашидааст, ҳол он ки Раҳмон Набиев 3-юми июл фармони барканории ӯро аз вазифа имзо карда буд. Дар пайи аз мансаб барканор шудани Алиҷон Солибоев овозаҳое дар Душанбе доман густурданд, ки кормандони кумита ба ин хотир ба корпартоӣ даст хоҳанд зад, аммо 8-уми август кормандони КГБ бо нашри як номаи боз дар матбуот ин овозаро такзиб карданд.
Дуруст аст, ки кормандони КГБ корпартоиро такзиб карданд, аммо тайи ин номаи боз норозоиятии шадиди худро аз амали раисҷумҳур дар ростои тағйироти кадрӣ дар КАМ изҳор доштанд. Ба навиштаи “Независамая газета” дар соли 1992, мақомоти амниятии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар тӯли се моҳ чаҳор маротиба раиси кумита иваз шуд. Онҳо тайи изҳороти худ аз маҳорати хосу кордонӣ ва хидматҳои Алиҷон Солибоев дар муддати кӯтоҳи раҳбарияш ба кишвар, хоса дар сулҳи Хоруғ ёдовар шуда, барканории як чунин кадрро таъзифи ниҳоди амниятии кишвар хонданд.
Дар ин иҷлоси вазъи кишвар, бахусус минтақаи Қӯрғонтеппа баррасӣ гашт ва якчанд роҳи ҳалли буҳрон пешниҳод шуд. “Ин иҷлосия нишон дод, ки обрӯи Раҳмон Набиев бениҳоят паст рафтааст. Ба ин нигоҳ накарда чанд вакили кӯлобӣ ба ҳимояти Раҳмон Набиев гузашт. Аз ҷумла Шарифов гуфт: “Чӯбро, ки интихоб кардед, ба чӯб итоат кунед” (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ. 501). Вале дар ин иҷлос Аслиддин Соҳибназаров аз раисҷумҳур ва раиси Шӯрои Олӣ шадидан интиқод кард. “Агар муносибати Р. Набиев ва А. Искандаров ба рафтори сардорони вилоятҳои Кӯлобу Лениинобод чунин монад, Қӯроғонтеппа бе сарвар нигоҳ дошта шавад, пас он рӯз дур нест, ки ҷинояткорон ба сари давлат оянд” (Аслиддини Соҳибназар, “Субҳи ситоракӯш” (китоби дуюм), саҳ. 57). Аслиддин Соҳибназаров меафзояд, ки ӯро барои ин суханонаш дар иҷлосия таҳдид ба ҷазо кардаанд. Ба ҳар ҳол иҷлосияи 15 ҳуқуқҳои раисҷумҳурро маҳдуд кард.
Сафаралӣ Кенҷаев баргузории ин иҷлосияро пирӯзии мухолифин медонад. Ӯ менависад: “Билохира депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки худро ҷонибдори ҳокимияти Р. Набиев меҳисобиданд, бори дигар бемасъулиятию кӯтоҳандешӣ зоҳир намуда, дар сессияи понздаҳуми Шӯрои Олӣ ҳуқуқу ваколатҳои раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва Раёсати Шӯрои Олиро аз ҳисоби ваколатҳои раисҷумҳур зиёд гардонданд” (С. Кенҷаев, “Табаддулоти Тоҷикистон” (китоби дуюм), саҳ. 42).
Ба навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев, дар ин сессия ҳамчунин иддае аз вукало, аз қабили Э. Раҳмонов, Ҳ. Табаров, Қ. Мирзоалиев, Н. Ҳувайдуллоев, Ғ. Неъматов, Ҷ. Орифов, А. Раҳмонова, Ҳ. Шарипов, А. Ҳакимов, С. Раҷабов, М. Мирзобадалов, С. Шарифов, А. Саидмуродов ва Қ. Ҷабборов дар ҷиҳати пешгирӣ аз ҷанг, ҳамчунин барҳам задани Ҳукумати Муросои Миллӣ пешниҳод карданд, аммо Акбаршоҳ Искандаров пешниҳодҳои эшонро ба муҳокима нагузошт.
Баъди ин иҷлосия умеди Раҳмон Набиев аз дастгирии мақомот ва мухолифин тамоман канд, барои ҳамин ягона даргоҳи умед Русияро медид. Зеро ҳукумат, парлумон ва мухолифин раисҷумҳурро ба он гунаҳкор мекарданд, ки бо дигар ниҳодҳо ҳамкорӣ намекунад, бахусус зимни таъйини мақомот. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз баргузории иҷлосия мухолифин тайи изҳороти худ эълом намуда буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон хостори дахолати низомиёни Русия ба қазияи Тоҷикистон аст. Ин тасмими раисҷумҳур хашми мухолифинро барангехта буд, зеро мухолифин куштори сокинони деҳаи Сари Пули ноҳияи Бохтарро кори дасти русҳо медонистанд. Вале зоҳиран Раҳмон Набиев дар пайи наҷоти худ буд.
• Дастаҳои мусаллаҳе, ки аз Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа ворид шудаанд, бояд ҳатман аз ҳудуди ин вилоят бароянд ва дигар бо мақсадҳои зишт ба хоки Вахшонзамин по нагузоранд;
• Дар ин кор бояд пеш аз ҳама президент саҳм бигирад, зеро ҳазорҳо ҷавони ҷавонони бетаҷрибаро маҳз ӯ мусаллаҳ карда буд.
Муътаризин эълом доштанд, ки дар сурати иҷро нагаштани ин талаботи онҳо мусаллаҳ шуда, ба кумаки сокинони Вахш хоҳанд рафт. Ҳамчунин онҳо иддао доштанд, агар дар муддати се рӯз вазъ муътадил нагардад, ҳеҷ як муқарроти қарору қонунро риоя нахоҳанд кард. Ба навиштаи Аслиддин Соҳибназаров, ин таҷаммӯъ аз сокинони деҳаи Авул ва минтақаи Қӯрғонтеппа иборат буданд. Онҳо иддао доштанд, ки Раҳмон Набиев мардуми Кӯлобу Линонободро кумак мекунад.
Вақте ки ин гурӯҳ Қасри раёсатҷумҳурро тасарруф ва аъзои ҳукуматро ба гаравгон мегиранд, Аслиддин Соҳибназаров назди онҳо ба музокира меравад, ки мулло Абдуғаффор, имомхатиби масҷидии “Южний”-и пойтахт ба ӯ мегӯяд, ки раисҷумҳур ба онҳо тааҳҳуд супурдааст, то онҳоро низ мусаллаҳ кунад. Ҳол он ки дар ҳамон рӯз тайи як ҷаласае дар масҷиди “Южний”, ки Қадриддин Аслонов ва Аслиддин Соҳибназаров дар он ширкат доштанд, мулло Абдуғаффор аз ирсоли ҳудуди 900 миллион рубл ба Қӯрғонтеппа аз Маскав хабар дода буд. Бо вуҷуди ин “Набиев ба изҳорот эътиборе надода, фирор кард. Гурӯҳи ҷамъомада чанд соатеро дар интизори раисҷумҳур гузаронданд, вале аз ӯ дарак набуд. Пас онҳо ба қасри ҳукумат ворид шуданд ва чанд вазиру корманди Дастгоҳи президентро гаравгон гирифтанд, ки 23 нафари онҳо зодагони Кӯлобу Ленинобод буданд.
Нахуствазири ҷумҳурӣ Ҷ. Каримов низ, ки гаравгон буд, бо Навбиев дар тамос шуда мегӯяд: “Моро гаравгон гирифтанд. Талабҳои онҳо ҳаққониянд. Агар Шумо истеъфо надиҳед, моро хоҳанд парронд”. Посухи Р. Набиев: “Парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам” (рӯзномаи “Адолат”, №36 (48), 1992).
Тавре аз талаботи муътаризин ва навиштаи “Адолат” бармеояд, дар аввал муътаризин истеъфои раисҷумҳурро талаб накардаанд. “Истеъфо” пас аз суҳбати Ҷамшед Каримов пайдо шудааст.
Бинобар ин мантиқист, ки дар аввал ҳадаф истеъфои раисҷумҳур набудааст, вале беэътиноӣ нисбати эътирозгарон мунҷар ба он шуда, ки истеъфои Р. Набиев ба миён гузошта шавад. Аммо дар мавриди истеъфои худ дар он шабу рӯз Раҳмон Набиев назари дигар дошт. Ӯ чаҳор рӯз қабл аз истеъфояш дар суҳбат бо рӯзномаи “Известия” дар ин маврид мавзеъгирии духӯра дошт: “Агар ин истеъфо мунҷар ба таҳкими вазъ дар кишвар шавад, агар ҳама ташаккулҳое, ки мусаллаҳ ҳастанд, силоҳҳои худро ба замин бигузоранд, ки баъди истеъфо ҳеҷ гуна тирпарронӣ нашавад, ман ба ин розӣ мешавам” (“Р. Набиев: Я остаюсь президентом Таджикистана...”, “Известия”, №197 (23771), 04. 09.1992).
Бо вуҷуди чунин мавзеъгирӣ раисҷумҳур дар мусоҳибаи фавқуззикраш иброз медорад: “Ман ҳамчун раисҷумҳури кишвар боқӣ мемонам. Ман бар вазъи кишвар тасаллут дорам..”. Бо ба забон овардани ин ҳарфҳо Раҳмон Набиев на танҳо ба истеъфо розӣ нашуд, балки ба қароргоҳаш ҳам дигар барнагашт. Ӯ дар ин айём ба мақарри Двизияи 201 паноҳ бурд ва аз дидор бо мақомоти ҳукумату раиси Шӯрои Олӣ худдорӣ мекард. Вақте хабарнигори рӯзномаи “Известия” аз Раҳмон Набиев мепурсад, ки “таъйид мекунанд, ки Шумо ҳамеша дар гарнизони низомӣ қарор доред. Оё ҳамин тавр аст?”. Ӯ дар посух мегӯяд: “На. Аммо ман ҳақ дорам, дар ин ё он ҷо бошам. Имрӯз ман дар Душанбе ҳастам ва фардо метавонам дар Кӯлоб ё ҷойи дигар бошам. Шумо мефаҳмед, ман дар манзили худам ҳастам! Вале Шуморо ман мегӯям, ки мухолифин барои боздошти раисҷумҳур гурӯҳи вижа созмон додаанд”.
Раҳмон Набиев дар посух ба суоли хабарнигори “Известия” дар робита ба он ки чаро дар рӯзҳои буҳронӣ аз тариқи матбуоту телевизион баромад накардааст, мегӯяд, ӯро имкон намедиҳанд, ки тавассути радио ва телевизион баромад кунад, зеро ин воситаҳо дар дасти мухолифин ҳастанд. Дар идомаи суханони марҳум Набиев афзудани ин нуқта ба маврид аст, ки 1-уми сенятбр Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон тайи як изҳорот новобарии худро ба президент эълом карда буданд.
Дар ин изҳорот гуфта мешуд, Раҳмон Набиев “аслан аз қудрат дур шудааст ва минбаъд имкони иҷрои вазифаи худро надорад”. Дар бораи ҳамкорӣ накардани раисҷумҳур бо дигар масъулин, ҳатто мақомоти дастгоҳи худ Карим Абдулов дар ёддоштҳояш менависад: “Аксарияти вохӯриҳои раисҷумҳур бетайёрӣ мегузаштанд. Ягон ҳуҷҷати расмӣ баъди вохӯрӣ боқӣ намемонд. Ягон коркуни аппарат аз вохӯриҳо хабар надошт. Ҳеҷ кас намедонист, ки вохӯриҳои эшонро кӣ тайёр мекунад.
Ҳуҷҷати асосӣ он ахборе, ки дар матбуот ва ба воситаи садову симо инъикос мешавад, буду халос”. Зимнан Карим Абдулов дар китоби мазкур дар бораи ҳамоҳанг набудани Раҳмон Набиев бо командааш нақли аҷиберо ҷо дода: “...банда ба бухгалтерия занг задам ва аз акаи Абдусаттор Одинаев, ки сарбухгалтер буданд, дар бораи сохтор ва теъдоди коркунони дастгоҳи раисҷумҳур пурсон шудам. Он кас ба ман гуфтанд, як моҳ гузаштааст аз он рӯзе, ки сохтори дастгоҳи раис аз тарафи Юлбарс Эгамбердиев, мудири корҳои Девони Вазирон тасдиқ шудааст ва мо аз рӯйи он ба коркунони дастгоҳ музди меҳнат медиҳем. Вақте ин гапро ба раисҷумҳур гуфтам, он кас гуфтанд, ки аз ин бехабар мебошанд” (Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 83).
1 – уми сентябри соли 1992, дақиқан ҳамон рӯзе, ки ҳукумат ва парлумон нисбат ба раисҷумҳур изҳори нобоварӣ карданд, расонаҳо аз омадани маршал Евгений Шапошников, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ ба Тоҷикистон хабар доданд. На танҳо журналистон, балки дигар мақомоти Ҳукумати Муросои Миллӣ ва раиси Шӯрои Олӣ ҳам аз мақсади сафари ӯ ба Тоҷикистон огаҳӣ надоштанд. Ӯ танҳо бо Раҳмон Набиев дидор карду ба таври мармуз ба Маскав баргашт.
Баъди бозгашти ӯ ба Маскав Муҳриддин Ашӯров, фармондеҳи Фирқаи 201 эълом дошт, ки Шапошников дар Тоҷикистон мавриди сӯиқасд қарор гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Худойбердӣ Холиқназаров, вазири умури хориҷии вақти Тоҷикистон, Ашӯрбой Имомов, раиси Комиссияи назорати конститутсионӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва Ҷӯрабек Аминов, муовини раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон аз ҳадафи сафари Шапошников ба Тоҷикистон дар суҳбат бо “Независимая газета” изҳори бехабарӣ кардаанд, баъди бозгашти фармондеҳи нерӯҳои ИДМ овозаи вуруди нерӯҳои ИДМ ба Тоҷикистон доман густард.
Дурустии ин овозаҳоро раисҷумҳур замоне таъйид кард, ки иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар ҳоли баргузорӣ буд. Ба қавли Ҳикматуллоҳ Насриддинов, ӯ дар ин иҷлосия гуфт, “бо хоҳиши ман 27 август комиссия бо сарварии Е. Шапошников ба Тоҷикистон омад. Вале он вақт баъзе рафиқон зидди иқдоми ман буданд. Имрӯз бошад, барои дохил намудани нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ ба Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карда шуд”.
Дар ҳамин ҳол 5 – уми сентябри соли 1992 Ҷамшед Каримов, муовини сарвазири Тоҷикистон дар суҳбат бо “Независимая газета” гуфтааст: “Ман бо супориши Раёсати Девони Вазирон ва Шӯрои Олӣ ба раисҷумҳур Борис Елтсин телеграмма фиристодам, то барои тавсеа наёфтани низоъ ба шарти Раҳмон Набиев дар ҷиҳати истифодаи нерӯҳои русии мустақар дар Тоҷикистон розӣ нашавад. Ман тавзеҳ медиҳам, ки барои чӣ ин корро кардам: чунин мешуморам, ҳузури асокири рус ба раванди воқеот таъсири манфӣ мерасонад, ки аз ин аҳолии осоишта, бахусус русзабонҳо зарар мебинанд”.
Ҳамчунин Ҷамшед Каримов дар ин суҳбаташ мегӯяд, ҷараёни воқеот бозгӯ аз он мекунад, ки то ҳол миёни ҷонибҳои даргир гуфтугӯи сиёсӣ сурат нагирифтааст. “Ба гумони ман, мушкили асосӣ он аст, ки раисҷумҳур миёни ҷонибҳо нақши муттаҳидкунандае, ки ҳалли осоиштаи масъаларо таъмин мекунад, надорад... Бетарафие, ки имрӯз ӯ зоҳир мекунад, хоҳу нохоҳ мунҷар ба муқобилаи шадиди ҷонибҳо мешавад”.
Ин гуна мавзеъгирии Ҷамшед Каримов шикофи байни ҳукумат ва Раҳмон Набиевро жарфтар мекард. Дар ин бора дар мусоҳибааш Раҳмон Набиев иброз медорад, ки дар ҷаласаи наавбатии Шӯрои Олӣ, ки қарор аст, 4-уми сентябр баргузор гардад, ба ҳама суолҳои вакилони мардумӣ посух хоҳад дод. Аммо “4-5 сентябр вакилони мардумии Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо сабабҳои бад будани вазъи ин вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба иҷлосия наомаданд. Бо ин сабаб иҷлосия доир нагашт” (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ. 507).
Идома дар рӯзҳои наздик