Паҳлавонҳои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар Нурсултон иштирок мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 14-22 сентябр дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии озод, юнонӣ-римӣ ва куштии бонувон баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Чемпионати мазкур мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар – 5 нафар аз рӯи намуди куштии юнонӣ-римӣ, 6 нафар аз рӯи куштии озод бо роҳбарии сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух иштирок мекунанд, хабар додааст Кумитаи олимпӣ аз қавли Федератсияи куштии Тоҷикистон.

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

Манбаъ афзуд, 3 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштии озод ба шаҳри Нурсултон сафар кард ва то оғози чемпионат ба машғулиятҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта мешавад.

Дастаи мунтахаби куштии юнонӣ-римӣ бошад, бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомадӣ машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд, омадааст дар иттилоия манбаъ.

Чемпионати мазкур аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад ва варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Чемпионат аз рӯи 30 вазн – 10 вазн куштии озод, 10 вазн куштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн куштии бонувон сурат мегирад, вале дар ҳар се равия 6-вазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби дар риштаи куштии озод - Икромов Муҳаммад-вазни 57кг, Шарифов Ҷамшед - 61кг, Файзиев Абдулқосим - 65кг, Қодиров Баҳодур - 86кг, Искандари Рустам - 97кг, Анақулов Фарҳод - 125кг ва дар тими куштии юнонӣ – римӣ паҳлавонҳо - Мазитов Ислом - 60кг, Ахмедов Мубинҷон - 67кг, Зуҳуров Ҳабибҷон - 72кг, Исмоилов Муҳаммад - 77кг, Охонов Тоҳир - 87кг шомил шудаанд.