Бо фармони Раҳмон роҳбари маркази тиббии “Шифо” бо “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд

Ахиран Ашуриён Музаффар, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ба як қатор фаъолони соҳаи тандурустӣ мукофотҳои давлатӣ супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ахиран дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба як қатор фаъолони соҳаи тандурустӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Аз Шамсулло Соҳибов то Озарахшу раиси Ворух ва ноиби раиси ВМКБ: киҳо мукофот гирифтанд?

Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, "Далер Назаров, мардаки хуб аст, мукофот диҳед"

Ҳамин тавр, бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ашуриён Музаффар, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон “Медали хизмати Шоиста” ва “Шафқат” супорида шуд.

Аз ҷумла манбаъ қайд намудааст, ки Хоҷиев Абдушафеъ Бобомуродович, Директори генералии маркази тиббии “Шифо”, Шарипов Азизулло Содирович, Директори маркази ҷумҳуриявии бемориҳои тропикӣ, Маҳмудов Ҷурабек, Сартабиби дармонгоҳи шаҳрии стоматологӣ барои саҳми намоён гузоштан дар рушди соҳа бо “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ  карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолони вилояти Суғд мукофотҳои давлатӣ фиристод

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Раҳмон мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 1 нафар бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, 6 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 11 нафар бо медали “Ҷасорат”, 78 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 3 нафар бо медали “Марзбони Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.