Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба сохтмони “GRAND RUDAKI TOWER” санги асос гузоштанд

Дар пойтахти кишвар сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи “GRAND RUDAKI TOWER” оғоз ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба сохтмони “GRAND RUDAKI TOWER” санги асос гузоштанд

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, иншооти мазкур бо назардошти талаботи муосири бунёд ёфта, сохтмони он дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ анҷом дода мешавад.

“Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, таъкид намудааст манбаъ.

Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.

Манбаъ қайд намудааст, ки бунёди ин ва дигар иншооти хизматрасонӣ заминаи мусоидро барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат фароҳам оварда, метавонанд ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасониҳои сатҳи байналмилалиро пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлати муқарраршуда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.