Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” дар пойтахти кишвар оғози расмӣ бахшид ва бо лоиҳаи иншоот ошно гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тавре манбаъ қайд намудааст, меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” аз ҷониби ҶДММ “Рушди Осиё” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳром Ашӯрматов сохта мешавад.

Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад

“Соҳибкор Баҳром Ашӯрматов ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади мусоидат ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаи замонавии панҷситорадорро бо сифати баланд ва тарҳи муосир сохта, ба истифода диҳад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ дар Душанбе литсейи нав ифтитоҳ кард

Манбаъ зикр намудааст, ки меҳмонхонаи 16-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ сохта хоҳад шуд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи меҳмонхона ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншоот аз истеҳсолоти худи ҷамъияти “Рушди Осиё” дастрас ва истифода хоҳад шуд, ки дорои сифати баланд мебошанд.