Сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли "Душанбе" аз интихоби макони муносиб оғоз ёфт.
Ҳанӯз 9 ноябри соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон макони ба биёбон монанд дар ноҳияи Исмоили Сомониро барои сохтмони чунин маркази боҳашамат интихоб намуд.
Дар навор нишон дода мешавад, ки чӣ гуна мошинҳо ва техникаи таҷҳизотӣ ба ҳамвор кардани майдони сохтмон шурӯъ мекунанд.
Зимнан дар навори мазкур фаъолияти босамари сохтмончиён нишон дода мешавад, ки пас аз чанд муддати корашон дар макони сохтмонӣ, бинои зебое қомат меафрозад.
Гузашта аз ин дар навор фаъолияти кормандони барқгузаронӣ низ нишон дода мешавад, ки ба танзими таҷҳизоти сершумори барқӣ машғул ҳастанд.
Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” пеш аз навсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди Маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.
Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият
Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ хизмат расонад.
Феълан кӯли "Душанбе" барои қабули мизоҷон омода буда, то охири мавсими оббозӣ бе рӯзҳои истироҳатӣ фаъолият хоҳад кард.
Зимнан даромад барои шахсони аз 50 сола ва кӯдакони қадашон то 140 сантиметр ройгон буда. барои калонсолон арзиши чипта ба парки обӣ 120 сомонӣ, барои кӯдакон - 50 сомонӣ ташкил медиҳад.