Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият мураккаб аст: муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сухангӯи ҳукумати Исфара Иқбол Илёсзода аз муноқишаи нав дар марзи Қирғизистон Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Айни замон дар минтақаи наздисарҳадии байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон муноқиша идома дорад.

Бино ба иттилои Илёсзода муноқишаи мазкур бо сабаби худсарона ва бидуни мувофиқа, қатъи назар аз қарордодҳои протоколии Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия, бо мақсади таъсису ташкили бозору фурӯшгоҳҳо ба марзи маъмурию ҳудудии деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара таҳти ҳимояти сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсуси Қиргизизистон ворид гаштани сокинони деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон сар задааст.

Садои тир: дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон

"Ин амали иғвогарона тарҳрезинамудаи онҳо боиси норозигии мардуми маҳаллии деҳоти Чоркӯҳ гардидааст", - мегӯяд Илёсзода.

Навори таниши марзии тоҷикону қирғизҳо барои роҳ - видео

Бино бар иттилои расида ҷониби Қирғизистон, аниқтараш сокинон ва марзбонони қирғиз ҳатто монеъи ба маҳалла ва хонаҳои худ рафтани сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ шуда истодаанд, ки вазъиятро мураккаб намудааст.

Садои тир: дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?

Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони ҳодиса ҳузур дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият корбарӣ доранд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. 

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.