Баррасии барӯйхатгирии аҳолии ИДМ дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нишасти 60-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Рӯзҳои 3-5 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 60-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад,

Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Пажуҳишгоҳи назди раисҷумҳур теъдоди дақиқи тоҷикистониҳоро дар Русия гуфт

Ғаффоров барӯйхатгирии аҳолӣ ва суол аз динро шарҳ дод

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла "Барӯйхатгирии аҳолии даври соли 2020 дар кишварҳои ИДМ: вазъи кунунӣ", "Нақш ва мақоми хадамоти миллии омории кишварҳои ИДМ дар фазои иттилоотӣ дар бораи ҳаёти маъюбон", "Дар бораи корҳо оид ба татбиқи Стратегияи глобалии такмил додани омори кишоварзӣ ва деҳот дар минтақаи ИДМ", "Ташкили махзани экосистемаи рақамӣ дар Федератсияи Русия", баррасӣ мешаванд.

Вазорати меҳнат ихтилофи омори Тоҷикистону Русияро дар бораи теъдоди муҳоҷирон шарҳ дод

Ҳамчунин интизор меравад, ик дар ин нишаст масъалаҳои "Дар бораи лоиҳаи Барномаи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2020", "Ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018", "Ҳисобот дар бораи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар соли 2018", ва "Дар бораи раёсати Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2020" баррасӣ хоҳанд шуд.

Пайравӣ аз дин: банди нав дар варақаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви Иттиҳод 6 феврали соли 1992 ташкил шудааст.