Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи сарфароз шудани Шамсулло Соҳибов, соҳибкор ва мақомдори бахши варзиши кишвар бо ордени “Шараф” дараҷаи дуюм, хизматҳои ӯро ном бурда, дар бораи мактабу осорхонасозӣ, обкашӣ ва пулдиҳияш ба варзишгарон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Соҳибов, ки ба ҳайси ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш низ фаъолият мекунад, ба иттилои Кумита хизматҳои зиёдро барои дастгирии варзишгарон анҷом додааст.

Мансабҳои домодҳои "эрка"-и раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Кумитаи миллии олимпӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки бо сарпарастии Шамсулло Соҳибов, бинои кумита бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ таъмиру бо таҷҳизот таъмин гардида, дар он ҳамчунин барои фаъолияти 17 федератсияи варзишӣ шароит муҳайё шудааст.

“Инчунин, бо маблағгузории ин соҳибкори ватандӯст бори аввал дар ҷумҳурӣ осорхонаи махсуси соҳавии “Шарафи олимпӣ” таъсис ёфт, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ҷиҳати машғул шудан ба варзиш мусоидат мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки варзишгарони зиёд бо маблағгузории Шамсулло Соҳибов дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд ва мисол овардааст.

Ду паҳлавон раводид нагирифтанд: тафсилоти сабқатҳои 4 варзишгари тоҷик дар Будапешт

Ба иттилои Кумита, аз аввали соли 2018 варзишгарони кишвар Дилшод Назаров ва Беҳрӯз Хоҷазода дар Маҷмааи “SPA Ҳаёт”, ки дорои беҳтарин шароит мебошад, ройгон тамрин карда, Беҳрӯз Хоҷазода ҳар моҳ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ аз ҳисоби ин соҳибкор стипендия мегирад.

“Ду варзишгари намуди лижаронӣ ҷиҳати омодагӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии зимистона-2018 давоми беш аз ду сол бо стипендияи ҳармоҳа дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА таъмин буданд ва ин иқдом аз моҳи ноябри имсол барои омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин идома меёбад”, - изҳор доштааст Кумита.

Ин ниҳод илова намуд, ки дар доираи дастгириҳои Шамсулло Соҳибов соли ҷорӣ Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ - МҶМОВ оид ба намудҳои таеквондо бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин, мисли татамӣ, либоси махсуси таеквондо таъмин гардид.

Иншооти сатҳи ҷаҳонӣ: ширкати марбути Шамсулло Соҳибов аз андоз озод шуд

“Соли гузашта бошад, дар натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои ӯ бо ташкилотҳои байналмилаливу қитъавӣ Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳаҷми 250 000 доллар грант дарёфт кард, ки бо ин маблағ таҷҳизоту либосҳои варзишӣ харидорӣ ва ба варзишгарону федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ ройгон тақдим карда шуд”, - илова намудаст Кумита.

Дар иттилоия ёдрас шудааст, ки бо ташаббуси Шамсулло Соҳибов Маҷмааи варзишию истироҳатии “Сафеддара” таъмиру азнавсозӣ шуда, бинои МҶМОВ оид ба лижаронии кӯҳӣ сохта ба ихтиёри варзишгарон супорида шуд.

Манбаъ ҳамчунин зикр кардааст, ки бо роҳбарии Шамсулло Соҳибов “Кӯли Душанбе” азнавсозӣ шуда, ба парки обӣ табдил ёфт ва сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд ба варзишҳои обӣ, мисли мавҷбозӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ ва дав машғул шаванд.

Шамсулло Соҳибов аз номи Президент ба варзишгарон маблағ дод

Кумита дар қатори хизматҳои Шамсулло Соҳибов дар бахшҳои дигар афзуд, ки аз ҷумла дар шаҳри Душанбе Осорхонаи мардумшиносӣ, дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Дӯстӣ мактаби миёна сохта, аҳолии деҳаи мазкур бо оби ошомиданӣ таъмин кард.

Дар пайи сарфароз гардидани Шамсулло Соҳибов бо ордени “Шараф” чеҳраҳои шинохтаи варзиш -  Дилшод Назаров, Зебунисо Рустамова ва Мавзуна Чориева номаҳои табрикии худро унвонии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ирсол намуданд.