Ҳамсарашро чун саг ба наздаш хонд? хашми корбарони интернет аз амали Трамп - Видео

Раҳбари амрикоиҳо ва ҳамсарашро зимни боздид аз шаҳри Дейтон дар паи ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Эл-Пасо ба навор гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар фазои интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуё ҳамсарашро тавре ба наздаш даъват мекунад, ки одатан сагро ишора мекунанд.

Чуноне Sputnik International хабар медиҳад ин ҳодиса ҳанӯз авоили моҳи авгус дар шаҳри Дейтон (иёлоти Огайо) рух додааст ва танҳо рӯзҳои ахир расонаӣ шудааст.

Маликаи Бритониё Елизавета II аз Трамп шикоят кард

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Трамп се маротиба бо дасташ ба пояш тап-тап мезанад ва пас аз чанд лаҳза ҳамсараш Милания ба наздаш меояд.

Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Аксари корбароин интернет ин амали Трампро маҳкум карда гуфтаанд, ки одатан бо чунин ишора сагро даъват мекунанд.

Гурӯҳи дигаре диққат додаанд, ки Трамп он лаҳза ҳатто ба сӯи ҳамсараш нигоҳ ҳам накардааст.

Бархеи дигар пешгӯӣ мекунанд, ки Трамп на ҳамсараш, балки посбононро ишора кардааст.