Навори Вишинский баъди раҳоӣ аз ҳабс ва нахустин нияташ дар озодӣ-видео

Кирил Вишинский, рӯзноманигори раҳошуда аз ҳабсро дар пеши бинои додгоҳ ҳампешаҳояш аз расонаҳои гуногун пешвоз гирифтанд
Sputnik

Вишинский пеши бинои додгоҳ ба ҳамаи онҳое, ки ӯро ҷонибдорӣ кардаанд, изҳори сипос карда, гуфт дар навбати аввал ният дорад, ба хона раваду дар оби гарм шӯстушӯ кунад.

Ҳамоиш ба ҷонибдорӣ аз Вишинский дар Маскав зери шиори ҳақиқат хиёнат нест

Ахиран додгоҳи шаҳри Киев Кирил Вишинский, сармуҳаррири "РИА Новости - Украина" – ро бар ивази кафолати шахсӣ, ки бо нахустин даъват ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд, аз ҳабси пешакӣ озод кард.

Ҷониби додситонӣ изҳор доштааст, ки дар сурати кафолати шахсӣ мухолиф нестанд, ки чораи пешакӣ нисбати Вишинский сабук шавад. Худи рӯзноманигор изҳор доштааст, ки ҳеч далели пинҳон шудан аз мақомоти тафтишотиро надорад ва ҳозир аст, ки бо талаби нахустин ба мурофиа ҳозир шавад.

Вишинский таъкид намудаст, ки иттиҳом алайҳи ӯ аз аввал бепоя буд ва омӯзишу исботи беасос будани ин айбҳо дар мурофиаи додгоҳ ба манфиати худи ӯст.

Кирил Вишинский 15-уми майи соли 2018  дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.