ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Равшан Юсупҷонов, мураббии “Спартак” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин даста бо пирӯзӣ бар дастаҳои “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Даври финалии мусобиқа, рӯзи 24-уми август байни дастаҳои “Спартак” ва “Суғдиён”- и Хуҷанд доир гардида, ба ҳисоби 6: 4 ба фоидаи “Спартак” анҷом ёфт, иттилоъ дод Юсупҷонов.
Мураббии “Спартак” афзуд, бозии даври ниҳоӣ хеле пуршиддат ва шавқовар ҷараён гирифт ва се голи аввали бозиро тими “Суғдиён” вориди дарвозаи ҳариф кард. Сипас футболбозони “Спартак” тактикаи бозии худро тағйир дода, бо задани шаш гол бо ҳисоби 6:4 ғолиб шудаанд. Ду голи бозии даври финалиро Анушервони Рустам задааст.
Мусобиқаи футбол байни наврасон, барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми август байни дастаҳои “Спартак” ва “Ёвар”-и ноҳияи Б. Ғафуров дар варзишгоҳи осоишгоҳи “Баҳористон” оғоз шуда, то рӯзи 24-уми август давом кардааст. Дастаи “Спартак” дар бозии нахустин ба ҳисоби 6:1 “Ёвар”-и ноҳияи Б. Ғафуровро мағлуб намуда буд. Панҷ тӯби ин бозиро Анушервон вориди дарвозаи дастаи ҳариф карда буд.
Раисҷумҳур Раҳмон дар баробари нахустин бозӣ, инчунин дар даври финалии мусобиқа низ иштирок карда, ба ҳар кадом аз футболбозони дастаҳои “Спартак” ва “Суғдиён”-и Хуҷанд, дучарха, тӯб ва мукофоти пулӣ эъто кардааст.