ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалӣ Ҷоми Президенти Қазоқистон ки 28 август дар шаҳри Нур-Султон ба анҷом расид, сазовори ҷои дуюм шуд.
Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хурданд.
Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуда буданд ва дар гурӯҳи худ мақоми аввалро гирифта буданд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои ҷойи дуюм ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гардид.
Дастаи ғолиб – дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) — бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд.
Ба дастаи мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи сеюмро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.
Бозингари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми Президенти Қазоқистон сарфароз гашт.