Бе миёнаравҳо бо нархи арзонтар: ташкили “Гӯшаи деҳқон” дар Хоруғ

Абдуласан Мамадасанов, сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, аз ташкили гӯшаи деҳқон дар бозори марказии шаҳри Хоруғ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ба иттилои Мамадасанов, бо дастури Ҳукумати ВМКБ як гӯшаи  бозори марказии шаҳри Хоруғ ба ихтиёри деҳқонони ноҳияҳои вилоят  гузошта шуд.

Супориш Президент: раису генералу муовини сарвазир ба "гаронтарин бозор" рафтанд–акс

“Қаблан деҳқонон дар бозор ҷои муайян надоштанд ва аз ин рӯ маҷбур мешуданд, ки маҳсулоти худро бо нархи арзон ба миёнравон фурӯшанд. Ҳамин тавр маҳсулот аз даст ба даст гузашта, қимати он низ боло мерафт. Таъсис додани “Гӯшаи деҳқон” ба манфиати ҳам харидорон ва ҳам деҳқонон аст”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Мамадасанов.

Соҳибқадам Некқадамов,  кишвоварз аз ноҳияи Шуғнон изҳор доштааст, ки маҳсулоти худро ҳамагӣ дар муддати як соат фурӯхтааст.

“Ман шахсан ҷиҳати ҷудо кардани макони махсус барои деҳқонон ба раиси шаҳр муроҷиат намудам ва имрӯз ин орзӯи мо амалӣ гашт. Ин тадбир ба танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари бозор таъсири худро мерасонад. Баъди ин амал дар дигар дӯкону  мағозаҳо низ нарх ба тадриҷ паст мешавад”, - изҳори боварӣ намуд Некқадамов.

Ин ҷо бозор магар? мансабдори маорифро барои либосаш аз парлумон пеш карданд – видео

Бар асоси иттилоия, дар ин гӯша ҳамчунин деҳқонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам маҳсулоти худро мустақиман ба харидорон пешниҳод мекунанд. Аҳрор Ғафуров, сокини вилояти Суғд гуфтаст, ки ин бор ба бозори шаҳри Хоруғ кишмиш овардаст.

“Нархи он дар дӯкону бозорҳои шаҳр  30 сомонӣ аст, аммо ман маҳсулоти худро бо нархи 24 сомонӣ фурӯхтам”, - иттилоъ додаст Ғафуров.

Сардори Раёсати кишоварзии вилоят изҳор доштааст, ки теъдоди деҳқононе, ки  мехоҳанд маҳсулоти худро бидуни миёнарав ба фурӯш бароранд, рӯз аз рӯз зиёд мегардад ва аз ин рӯ масъулин тасмим гирифтаанд, ки   ҳафтаи оянда масоҳати “Гӯшаи деҳқон”-ро боз ҳам васеътар кунанд.