Иштирокдорони даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян гардиданд

Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол анҷом ёфта, иштирокчиёни даври нимфинал муайян гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар феҳрасти тимҳои роҳёфта ба даври нимниҳоӣ “Истиқлол”, “Ҳулбук”, “Хуҷанд” ва “Регар ТадАз”-ро ном бурд.

Насим Ҳомидов барои иштибоҳкорӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд

“Дар даври нимниҳоӣ дастаи  “Истиқлол” бо “Ҳулбук”, “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд. Бозиҳои аввал 1 октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3 ноябр баргузор мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ тавзеҳ дод, дар даври чорякфинал “Истиқлол” дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 8:1 бар тими “Эсхата” ғалаба кард.

Тими “Хуҷанд” бошад, ба дарвозаи тими “Хатлон” 3 голи беҷавоб задааст. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” бо ҳисоби умумии 3:2 анҷом ёфт. “Ҳулбук” бар дастаи “Дӯстӣ” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Дар ҷамъбасти бозиҳои мазкури чорякниҳоӣ иштирокдорони сабқатҳо дар даври ниҳоӣ муайян гардиданд.