Дар Қазоқистон беш аз даҳҳо нафар заҳролуд шуданд

Пас аз истеъмоли ғизо дар яке аз марказҳои хӯроки тезтайёр дар Қазоқистон даҳҳо нафар заҳролуд шуда ба беморхона интиқол ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Аз миёни заҳролудшудаҳо пас аз истеъмоли хӯроки тезтайёр, дар яке аз бемористонҳои Қазоқистон 13 нафари дигар ҳоло бистарӣ ҳастанд ва табибон ҳолати онҳоро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

ВУД Узбакистон ҳалокати як нафар аз муҳоҷирони заҳролудшуда дар Самараро таъйид намуд

Бар хабари сомонаи Sputnik Қазоқистон, фнълан қаҳвахонае, ки ба заҳролудшавии оммавӣ оварда расонд баста аст ва роҳбарияти он аз сӯҳбат бо расонаҳо низ худдорӣ намуданд.

Дар Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуданд

Зимнан гуфта мешавад, ки пас аз истеъмоли хӯроки тезтайёр дар ин қаҳвахона даҳҳо муштариёни он бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон оварда шуданд.

Ба изҳори табибон, ҳамаи беморон бо нишонаҳои якхелаи қайкунӣ, дарунравӣ, табларза ва бемадорӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳалокати кӯдаки шашсола пас аз "арақхӯрӣ"

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ чанде қабл ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд.

Наздики 16 нафар пас аз истеъмол намудани "хот-дог" заҳролуд шуданд ва ба Бемористони ҷумҳуриявии сироятӣ интиқол ёфтанд.