Тоҷикистону Чин паҳлуҳои техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро баррасӣ карданд

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо муҳандисони чинӣ асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Ахиран Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон  ва гурӯҳи муҳандисони Донишкадаи банақшагирӣ ва лоиҳакашии роҳҳои Чин вобаста ба сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кулма (қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ) мулоқот намуданд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи Ҷумҳурият.

Раисиҷумҳур дар бораи навсозии деҳот ва роҳи Дарвоз - Ванҷ: 2 миллиард лозим

Бино бар иттилои манбаъ, дарозии роҳ 92,3 километр буда, зимни бунёди он  сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр, 67 лӯлаи селпарто, 5 долони муҳофизатӣ, 15 пул, 54 км деворҳои муҳофизавӣ  ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.

 Намояндагони Чин иброз намуданд, ки онҳо барои дақиқ гузарондани корҳои лоиҳакашиву баҳодиҳӣ беҳтарин муҳандисони донишкадаро ҷалб намудаанд. 

Оғози таъмири роҳи марказии ноҳияи Ванҷ, ки 60 сол пеш сохта шудааст

Зимни мулоқот тарафҳои намояндагони пажуҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду кишвар даъват карданд, ки зимни азназаргузаронӣ ва баҳодиҳӣ ба омилҳои ҳаракати душвори роҳ дар шароити кӯҳистон, мавзеъҳои осебпазири омадани сел ва тарма, дуруст пешбинӣ намудани долону деворҳои муҳофизатӣ ва босифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

“Ин роҳ идомаи мантиқии содагардонии тиҷорат ва сарфаи вақту сармоя барои доираи васеи соҳибкорони кишварҳои минтақа ба шумор рафта, имкониятҳои муосирро барои баромадан ба давлатҳои дигар ба таври доимӣ таъмин месозад, - гуфт Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон.