Прокуратураи Узбакистон нисбати духтари Ислом Каримов парвандаи ҷиноии нав боз кард

Баъд чандин санҷиш додситонии кулли Узбакистон нисбати духтари Ислом Каримов, собиқ раисҷумҳури Узбакистон, Гулнора Каримова парвандаи ҷиноии нав боз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Додситони кулли Узбакистон нисбати Гулнора Каримова бораи дуздии маблағҳои давлат ва бастани шартномаҳо бар хилофи манфиатҳои кишвар парвандаи ҷиноии нав боз кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба Додситонии кулли Узбакистон.

Гулнора Каримова ба беморхона интиқол ёфт

Тибқи иттилои манбаъ, асос барои оғози парвандаи ҷиноии ҷадид алайҳи Гулнора Каримова, маълумотҳои ширкати ҳуқуқии White and Case ва сокинон будааст.

Узбакистон тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Гулнора Каримоваро шарҳ дод

Аз ҷумла, додситонии кулли Узбакистон таъкид намудааст, ки Гулнора Каримова саҳмияҳои ду корхонаи сементи “Қуввасойсемент” дар вилояти Фарғона ва “Бекободсемент” дар вилояти Тошкандро бо нархи арзон харида ва онҳоро ба соҳибкорони хориҷӣ фурӯхт. Аз ин лиҳоз ба давлат хисороти ҷиддӣ ворид гардид.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, зарари воридкардаи Гулнора Каримова ҳудуди 2 миллиард долларро ташкил додааст.

Ёдрас мешавем, ки Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 ба тамаъҷӯйӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуда, дар моҳи декабри соли 2017 ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Миллионҳои Гулнора ба Ватан баргардонида шуд

Вакили Гулнора Каримова аз вазъи саломатии зерҳимояаш гила дорад

Ӯ аввал дар ҳабси хонагӣ басар бурда, баъдан барои вайрон кардани муқаррароти ин навъи ҳабс ба зиндони Зангиота интиқол шуд.

Ошкор шудани зиндоне, ки дар он Гулнора Каримоваро нигоҳ медоранд

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ духтараш Имон Каримова зимни як нома аз Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дархост кардааст, ба далели бад будани вазъти саломатии модараш ӯро аз зиндон озод кунад.