Мӯъҷиза: дар Қазоқистон зане дар ду моҳ ду фарзанд таваллуд кард

Зане дар Қазоқистон ду фарзандашро бо фарқияти ду моҳ аз ҳамдигар ба дунё овардаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шаҳрванди 29 солаи Қазоқистон ду фарзандро таваллуд намудаст, ки синну солашон аз ҳамдигар ҳамагӣ 2 моҳ фарқият дорад.

Бар хабари сомонаи РИА Новости, Лилия Канавалова, шаҳрванди Қазоқистон духтарашро дар мӯҳлати 25 ҳафтаина таваллуд намуда писарашро бо гузашти ҳамагӣ ду моҳ ба дунё овардаст.

Серфарзандтарин модари дунё дар 39 сол 38 фарзанд таваллуд кард-видео

Безор карданд: дар Тошканд марде фарзандони худро аз тиреза ҳаво дод

Пизишкони қазоқ мегӯянд, чунин ҳолатҳо кам андар кам рух медиҳанд ва ин вобаста ба организми занон аст.

Зимнан пизишкон қайд намуданд ,ки дар чунин ҳолат зинда мондани кӯдак кам ба қайд гирифта шудааст.

Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад: модари серфарзанд 80 тифлро тарбия кард (НАВОР)

Ин модари ҷавон духтарашро дар мӯҳлати 25 ҳафаина бо вазни 850 грамм ва қадаш 42 сантиметр таваллуд намудаст.

Писарашро пас аз гузашти ду моҳи таваллуди духтараш, бо вазни 2,9 килограмм ва қадаш 50 сантиметр ба дунё овардаст.