Зарари 6-миллионии давлат аз пинҳонкунии истифодаи барқ дар корхонаи “Джонг Фу”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки давлат аз пинҳон кардани нерӯи барқи истифодашуда дар корхонаи “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат тайи 4 моҳи охир беш аз 6 миллиону 158 ҳазор сомонӣ зарар дидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik.  Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар пинҳонкунии ҳаҷми барқи истифодашуда марди 55-сола, сокини кӯчаи Туниси шаҳри Душанберо муттаҳам мекунанд.

Қарзи истифодаи барқ дар Суғд ба 450 милион сомонӣ расид

“Номбурда, аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумоти бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 миллиону 489 ҳазору 832 киловат соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 миллиону 158 ҳазору 17 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.

Нисбати марди мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, хабар дод ВУД.

Корхонаи “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, ба истеҳсоли конструксияҳои пӯлодини бинокорӣ машғул мебошад.