Мунтахаби Тоҷикистон бозии ниҳоиро мусовӣ анҷом дод ва барандаи медали нуқра гардид

Мунтахаби то 19- солаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ бо тими Эрон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дода сазовори ҷойи дуюм гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола бо ғалабаи тими ҷавонони Эрон ба поён расид, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон.

Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуданд.

Пешакӣ маслиҳат мекардаанд: Дарвозабони маъруфи тоҷик абадан аз футболи касбӣ ронда шуд

Дар даври ниҳоии қаҳрамонӣ футболбозони тоҷик бо ҳамсолони эрониашон мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. Ба голи задаи футболбози тими Тоҷикистон Рустам Соиров дар дақиқаи 39-ум, эрониҳо тавассути голи задаи Маҳдӣ Ҳошиминажод Раҳимободӣ дар дақиқаи 80-ум ҷавоб доданд. 

Дар бозии дигари даври панҷум тими ҷавонони Узбекистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Муборак: як қадами дигар то қаҳрамонӣ

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо ба даст овардани 10 хол ғолиби Қаҳрамонии CAFA-2019 гардид.

Медалҳои нуқра бо 8 хол насиби дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шуд. Ҷои сеюмро тими ҷавонони Узбекистон бо 5 хол ишғол намуд.

Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019

Дар маросими тантанавии ҷамъбасти Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо медалҳо сарфароз гаштанд.

Ҷоизаи "Бозии одилона" насиби дастаи Эрон шуд. Беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 гол) гардид. Дарвозабони дастаи мунтахаби Эрон Амир Ҳусайн Некпур, ки ҳамагӣ як гол ба дарвозааш сар додааст, арзишмандтарин бозингари мусобиқа дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии CAFA-2019 (U-19), ки аз 9 то 15 август дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, панҷ даста – Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок карданд.