Натиҷаи мастӣ кунҷи зиндон: марди маст ҷавони роҳгузарро ду корд зад

Кормандони милитсияи пойтахт марди 23-сола сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суйиқасд ба ҷони ҷавони 21-сола дастгир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар пойтахт марди 23-сола бо корд захмӣ намудани ҷавони 21 сола дастгир шуд.

Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт

Тавре манбаъ қайд намудааст, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир шудааст. 

Номбурда, рӯзи 10-уми августи соли равон ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро зери лату кӯб қарор дода, бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба рони пояш задааст.

Боздошти марди 59-сола барои латукӯб дар ҳолати мастӣ

“Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид намуд ВУД Тоҷикистон.

 Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран марди 44- солаи сокини маҳаллаи Доманакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суйиқасд ба ҷон дастгир карданд.

Мастӣ ба пастӣ: майзадае дар иди Фитр дар бозори Панҷшанбе марди 52-соларо то мурдан зад

Ҷаримаи Ҷонибек, ки ҳангоми мастӣ дар Душанбе худро бардурӯғ милиса гуфтааст

Манбаъ хабар дода буд, ки номбурда рӯзи 27-уми июли соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст. 

"Дар натиҷа, бародари ҷабрдидааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст", - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.