Дар Суғд беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ сохта шудааст

Мақомоти Суғд ба рушди варзиш дар вилоят аҳамияти хос медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини Раиси вилоят Суғд эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар вилоят 2523 иншооти варзишӣ, аз ин 45 варзишгоҳ, 1721 майдончаи варзишӣ, 545 толори варзишӣ, 31 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд ва ҷавонону наврасон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдонча ва 5 толори варзишӣ дорад

Бунёди панҷ майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Зафаробод

Вай таъкид намудааст, ки дар натиҷаи амалишавии барномаҳои мақомоти вилоят соли равон дар шаҳру ноҳияҳо 42 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 толори варзишӣ ва 37 майдончаи варзишӣ ба маблағи беш аз 10​ миллион сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Сокинони Душанбе аз вазир миннатдоранд: Раҳимзода майдончаи варзишӣ сохт

Ҳамзамон вай қайд намудааст, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 43 мактабҳои варзишӣ амал.

“Имсол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, қавитар намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон ва бо ин васила дарёфти беҳтарин варзишгарони вилоят нахустин маротиба мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ва баргузор гардид”, - зикр намуд муовини раис.

Неъматулло Раҳматов, соҳибкори тоҷик бо сарфи ним миллион сомонӣ майдони варзишӣ сохт

Вай афзуд, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 1200 нафар варзишгарон, ки аз он 250 нафар варзишгарони ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд, ширкат варзиданд.

Варзишгарони вилоят аз оғози сол то имрӯз дар 59 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 398 медали тилло, 250 медали нуқра ва 239 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад 397 нафар варзишгарони вилоят иштирок карда, 231 медал, аз ҷумла 94 медали тилло, 55 медали нуқра ва 82 медали биринҷиро соҳиб шуданд.