ВУД Қирғизистон гуфт, киҳо баъди Отамбоев боздошт шуданд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон шаш парвандаи ҷиноӣ боз намуда, беш аз даҳ нафарро мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Баъзеҳо боздошт шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар бораи парвандаҳое, ки пас аз ҳамла ва мавриди муҳосира қарор гирифтани бошишгоҳи Отамбоев ва билохира таслим шудани худи ӯ оғоз гардидаанд, гузориш доданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Тирпарронӣ, боздошт ва зиндон: ду рӯзи Отамбоев дар як Видео
Бар хабари манбаъ, Вазорати умури дохилаи Қирғизистон  пас аз ҳодисаҳои ахир парвандаҳо тибқи моддаҳои 130 "Одамкушӣ" 39 - 130 "Суйи қасд ба ҷон", 244 "Гаравгонгирӣ", 264 "Ошӯбҳои оммавӣ", 266 "Авбошӣ" ва 355 "Таҳдид ё зӯроварӣ нисбати намояндаи давлатӣ"- и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон оғоз намудааст.

Зимнан,  чандин нафар ҷонибдорони собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ва инчунин вакилони Жегорку Кенеш: Асел Кодуронова, Ирина Карамушкина ва писари Отамбоев -  Сейитбекро мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Писари Отамбоев хабари боздошт шудани бародарашро шарҳ дод

Изҳороти Медведов дар бораи қазияи Отамбоев

Гузашта аз ин мушовири собиқ президент -  Фарид Ниёзов, сардори Ситоди марказии мардум Кяз Смалиев, Алга Киличев ва Амантур Жамчирчиев боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отмабоев низ пас аз таслим шудан ба мақомоти амниятӣ, то 26 - уми август дар боздошт мемонад.

Ёдовар мешавем, ки кӯшиш боздошт намудани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон давоми ду рӯз тӯл кашид, ки дар натиҷаи задухӯрд миёни ҷонибдорони Отамбоев ва низомиёни дастаи таъиноти махсус дасти кам 1 нафар чон аз даст дод ва 136 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.