ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар кишвар ҳар сол 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо ҷалби тамоми варзишгарону мураббиён ва ҷавонон таҷлил мегардад.
Абдуллозода аз таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ зикр карда, онро далели дастгирӣ ва рушди соҳаи варзиш арзёбӣ намуд.
Раиси Кумитаи ҷавонон афзуд, нишондоду оморҳои назаррас гувоҳи онанд, ки варзиши тоҷик ҳар соату дақиқа рӯ ба пешравӣ ниҳодааст.
“Танҳо соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии кишвар 125 иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шуд ва шумораи умумии иншооти варзишии кишвар ба 9 ҳазору 835 адад расид”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи олимпӣ.
Ин ниҳод илова намуд, ки ба хотири оммавигардонии варзиш ва ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4600 мусобиқаи гуногун баргузор гардид, ки дар онҳо ҳудуди 734 ҳазор варзишгар иштирок ва қувваозмоӣ карданд.
Аҳтам Абдуллозода дар хитоб ба варзишгарони Тоҷикистон таманно кардааст, ки минбаъд низ барои ноил шудан ба дастовардҳои беназир ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар бузургтарин майдонҳои ҷаҳону минтақа муваффақ гарданд.