Қатъи рухсатии Жээнбеков ва изҳороти Кремл дар бораи амалиёти боздошти Отамбоев

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар робита ба вазъияти феълӣ дар Қирғизистон, рухсатияшро мавқуф гузошта, ҷаласаи Шӯрои бехатариро баргузор намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, имрӯз раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков ҷаласаи Шӯрои бехатарӣ баргузор намуд.

"Жээнбеков изҳор доштааст, ки Алмосбек Отамбоев бо нишон додани муқобилият алайҳи амалиёти тафтишотӣ, ки дар ҷаҳорчӯби қонунгузории ин кишвар  сурат гирифта буд, дағалона Конститутсия ва қонунҳои Қирғизистонро поймол намуд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Жээнбеков изҳор доштааст, ки Қирғизистон давлати ҳуқуқбунёд буда, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ин таъмини риояи қатъии талаботи қонун аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон мебошад.

"Роҳбари давлат ба аъзои Шӯрои бехатарӣ муроҷиат намуда, таъкид кардааст, ки аз тамоми чораҳо барои нигоҳ доштани волоияти қонун, сулҳ ва амният дар кишвар кор гирифта, дар робита ба ин, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон.

Изҳорот: Отамбоев гуфт дар ҳамла ба манзилаш кӣ даст дорад

Зимнан Кремл хабар додааст, ки аз қазияи Отамбоев раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ бохабар аст.

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи рӯйдодҳои ахири Қирғизистон хабардор аст ва аз маҳалли ҳодиса пайваста ҷадидтарин маълумотро дастрас мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти Кремл.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 7- уми август дар бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дастаи таъиноти махсус амалиёти боздошти Отамбоевро пиёда намуданд, ки ба нокомӣ анҷомид.

Бар асари ҳамла ба манзили зисти Отамбоев, як низомӣ аз воҳидҳои махсус ҷон бохт ва ҳудуди 48 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.