Дуою оятхонии Раҳмон барои суботу оромӣ дар оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз ба зиёрати Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ рафта дар ҳудуди он меҳмонхонаи “Султон”-ро, ки бо кумаки ду соҳибкор сохта шудааст ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ меҳмонхонаи “Султон”-ро ифтитоҳ намуда, аз ин мавзеи таърихӣ дидан ва зиёрат кард.

Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш: иштироки хонаводаи Президент дар консерти “Шоми Ховалинг”

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, меҳмонхонаи “Султон” дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар муддати 9 моҳ сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад.

Меҳмонхонаи “Султон” бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби пасандозҳои соҳибкорон сохта шуда, дорои 8 ҳуҷра бо тамоми шароити муосири хидматрасонӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар масъулинро барои боз беҳтару хубтар намудани шароит ва муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳони хориҷӣ дастури хос дода.

Сипас, раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи ин меҳмохона дар ҳудуди мамнуъгоҳ оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуд.

“Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми кишвар дуою фотиҳаи нек кард”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ормогоҳи ин шахсияти таърихӣ  дар ноҳияи Ховалинг мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400-500 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Раҳмон дар Ховалинг Осорхонаи Восеъро ифтитоҳ кард

Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо дод.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд намудааст, бо ҳамин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг анҷом ёфт ва сокинони ӯро бо самимияту муҳаббати беандоза гусел карданд.