Ҳамрализода: бо 200 миллион доллар 7 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мешавад

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа гуфт, 5 созишномаи сармоягузорӣ имзо шуда, 3 адади дигар дар ҳоли мувофиқа бо идораҳои дигар қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ҳамрализода ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки дар доираи созишномаҳо бо ҷалби 200 миллион доллар 7 корхонаи истеҳсолӣ бунёд хоҳанд шуд.

Аз Алимардон то раиси "Сомонӣ – А": кистанд 13 нафаре, ки “Роғун”-ро назорат мекунанд?

“Бо дарназардошти баимзорасии созишномаҳои сармоягузорӣ, таъмини рушди иқтисодии кишвар, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тақрибан 120 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод”, - гузориш додааст нашрияи “Садои мардум” аз нишасти матбуотии Кумитаи сармоягузорӣ.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло дар кишвар 70 лоиҳаи сармоягузории амалкунанда мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи онҳо 31,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар мавриди нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ зикр гардид, ки бо қарорҳои дахлдор 496 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 36,5 миллион сомонӣ ба тавозуни дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шуд.

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳисобот додааст, ки тайи шаш моҳ аз ҳисоби хусусигардонӣ, суди саҳмияҳо ва ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ 13 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид.