ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1 миллиарду 555,9 миллион доллар ба содирот ва 538,1 миллион доллар ба содирот рост омадааст.
“Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 74,3 фоиз ва содирот ба 25,7 фоиз баробароб мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон бо 101 мамлакати ҷаҳон додугирифт дошта, аз ҳаҷми умумии содирот 200,2 миллион доллар ё 27,9 фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 62,1 фоиз ё ба арзиши 337,9 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур сурат гирифт.
“Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария - 23,1%, Туркия - 22,6%, Қазоқистон - 17,1%, Узбакистон - 15,6%, Чин - 5,1%, Афғонистон - 3,7%, Русия - 3,1% ва Эрон - 2,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди воридоти мол Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ва ё 947,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур ва 39 фоиз ё 608,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.
“Воридоти асосии мол аз рӯи нишондоди фоизӣ ба давлатҳои Русия- 30,6 фоиз, Қазоқистон – 21,5 фоиз, Чин – 16,9 фоиз, Туркия – 4,5 фоиз, Узбакистон – 4,4 фоиз, Украина – 1,5 фоиз, Ҷопон – 2,2 фоиз ва Олмон 2 фоиз рост меояд”, - омадааст дар иттилоия.