Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Русия

Рӯзи истироҳат мусалмонони ҷаҳон Иди Қурбонро таҷлил мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Шӯрои уламои Русия санаи дақиқи Иди Қурбонро, дар Русия эълом кард.

Дар Русия, Иди Қурбон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе, 11 август таҷлил мешавад.

"Рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа ва Иди Қурбон ба 11 август рост меояд", - омадааст дар эъломи Шӯрои уламои Русия.

Шӯрои уламо ҳаққи Марказро аз ҳисоби хайрияҳои Иди Қурбон муқаррар кард

Ёдрас мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ расман рӯзи Иди Қурбон, соати намози ид ва мавзӯи мавъизаи имомхатибонро дар ин рӯз эълон кард.

Дар Тоҷикистон санаи таҷлили "Иди Қурбон" маълум шуд

Ҳамин тавр, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 11-уми август рост меояд.

Мақомоти Хуҷанд: забҳи чорво дар ҳавлиҳо манъ аст, танҳо дар ҷойҳои муайян

Аъзои Шӯро, таҳти раёсати Абдулқодирзода қарор кардаанд, ки иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи рӯзи 11-уми август ва намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор карда шавад.