ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Интизор меравад дар Душанбе пас аз анҷоми рақобатҳо миёни наврасони то 16 сола, Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни ҷавонони то 19 сола баргузор шавад.
Бар хабари сомонаи "Варзиш", панҷ даста аз Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Туркманистон ва Афғонистон барои муайян намудани беҳтарин байни ҳам сабқат мекунанд.
Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019
Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, мунтахабе, ки имтиёзи аз ҳама зиёдро ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.
Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин чорабинӣ як марҳилаи омодагӣ барои ҷавонони то 19 солаи кишвар ба даври интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 ба шумор меравад.
Ғалабаи дуюми футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии CAFA-2019
Даври аввали CAFA-2019 рӯзи 9 август шурӯъ гардида, нахустин шуда мунтахаби Афғонистон бо Туркманистон ва Узбакистон бо Эрон майдондорӣ мекунанд.
Футболбозони тоҷик рақобатро аз даври дуюм рӯзи 10 август бо ҳамтоёни туркмании хеш оғоз менамоянд.