Додситонии Қирғизистон сабаби ба бозпурсӣ даъват шудани Отамбоевро шарҳ дод

Додситони кулли Қирғизистон шарҳ додааст, ки чаро собиқ раисҷумҳури ин кишварро  Вазорату умури дохила дар вобастагӣ ба фирори ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев чанд бораҳо  ба бозпурсӣ даъват намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бар хабари Додситони ин кишвар собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев мақоми шоҳидиро соҳиб шудаст, зеро яке аз айбдоршавандагон дар ин парванда изҳор доштааст, ки сарвари пешини давлат аз қазияи озодшавии ин ҷинояткор огоҳ будааст.

"Тибқи қонунгузорӣ, шахси даъватшуда ҳамчун шоҳид бояд ба бозпурсӣ ҳозир шавад ва ҷавоби дуруст диҳад.Шоҳидии собиқ президент дар ин қазия бисёр муҳим аст", - гуфта мешавад дар хабари додситонӣ.

ВУД Қирғизистон бар ин назар аст, ки пешниҳоди Отамбоев  ва вакили мудофеи ӯ бобати шоҳиди додан аз тариқи васоити ахбори омма хилофи қонунгузории кишвар аст.

Отамбоев дар Кремл бо Путин мулоқот намуд

Маврид ба зикр аст, ки Батукаев соли 2013  бар асоси санади қалбакӣ, гуё гирифтор будан ба саратон аз боздоштгоҳи Қирғизистон озод гардида буд.

Худи ҳамон рӯз ин ҷинояткор ба ватани худ Чеченистон парвоз карда буд.

Дар вобастагӣ ба ин қазия собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев аз дахлнопазирӣ маҳрум гардида чанд бораҳо аз ҷониби ВУД барои бозпурсӣ даъват карда шуд.

Худи собиқ раисҷумҳур тамоми иттиҳомот алайҳи худро сирф сиёсӣ  ва дурӯғ хонда мегӯяд ҳадаф танҳо сиёҳ кардани номи ӯ асту халос.

Навори бозгашти Отамбоев ба Қирғизистон - видео

Зимнан чанде қабл Отамбоев барои мулоқот намудан бо президенти Русия Владимир Путин ба Маскав омада буд.