Занони гапгири шавҳар: талош барои исботи ҷабрдида будани занони тоҷик дар Сурия ва Ироқ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 158 зани тоҷик дар зиндонҳои кишварҳои хориҷӣ қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, қисмати бузурги занҳои тоҷик  – 90 нафар дар зиндонҳои Русия маҳбусанд. Вай афзуд, аксари онҳо бо моддаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд.

Вазир теъдоди занону кӯдакони тоҷик дар лагерҳои Сурияро гуфт

Ба қавли Олимӣ, як теъдоди назарраси дигар дар зиндонҳои Сурияву Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд. Вай афзуд, сафорати Тоҷикистон дар Ироқ ҳоло талош дорад, ки онҳоро баргардонад.

“Ин занон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористию экстремистӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Ироқу Сурия инро собит кунанд, ки занони тоҷик барои даст ба анҷоми омоли террористӣ на, балки аз пайи шавҳарони худ ба ин кишварҳо рафтаанд. Онҳо на айбдор, балки ҷабрдида бояд арзёбӣ шаванд”, - иттилоъ дод Олимӣ.

Ӯ таъкид намуд, ки гурӯҳи корӣ фаъолона кор мекунад, мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки занонро баргардонанд.

Сироҷиддин Муҳриддин,  вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва як кӯдак дар лагерҳои Сурия ҳудуди 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар зиндонҳои хориҷ 158 маҳбусзанҳои тоҷик: ҳукумат мегӯяд онҳоро бармегардонем

Вазир тавзеҳ дод, ки миёни атбои тоҷикистонӣ дар лагерҳои Сурия, аз ҷумла  86 зан,  228 духтарони ноболиғ ва 240 писарони ноболиғ мебошанд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки масъалаи баргардондани шаҳрвандони кишвар зери назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.

Ӯ афзуд, ҷониби Тоҷикистон бо ҳукуматҳои Ироқ, Сурия ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин масъала ҳамкорӣ мекунаду феълан дар ин бахш гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дорад.